Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

13 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар шаб чун ба бистари хоб мерафт, ду кафи дастони худро ҷамъ карда дар он сураҳои: (Қул ҳувал-лоҳу аҳад), (Қул аъузу бираббил-фалақ) ва (Қул аъузу бираббин-нос) -ро мехонд ва кафҳои дастонашро ба ҳар ҷое аз баданаш, ки муяссар ва дастрас буд масҳ мекард. Аз сар ва рӯй ва аз пешорӯи бадани худ оғоз карда ин амалро се маротиба анҷом медоданд.
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳама ҳолат зикри Аллоҳро мекард.
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ҳар кас ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, барояш басанда аст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи Фатҳи Макка дар хитоб ба мардум фармуданд: Эй мардум! Худованд бори ҷаҳолат ва расвоӣ ва фахрфурӯшӣ ба падаронро аз шумо дур кард. Бинобар ин мардум ду навъанд: солеҳ ва парҳезгор, ки дар назди Аллоҳ гиромӣ аст, ва нофармон, бадбахт, ки назди Аллоҳ беарзиш аст. Ва мардум фарзандони Одам ҳастанд ва Аллоҳ Одамро аз хок офарид. Аллоҳ Таъоло мефармояд: "Эй мардум, мо шуморо аз [омезиши] марду зане офаридем ва ба ҷамоатҳо ва қабилаҳои мухталиф тақсим кардем, то якдигарро бозшиносед. Бе тардид, бузургвортарини шумо назди Аллоҳ Таъоло парҳезкортарини шумост ва Аллоҳ Таъоло [ба он чи мекунед] доно ва огоҳ аст." (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13).
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ ва ибни Ҳиббон
Вақте ояти "Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд" (Сураи Такосур, ояти 8) нозил шуд, Зубайр гуфт: Эй Расули Худо! Аз кадом неъматҳо пурсида хоҳем шуд? Ҳоло он ки ғайри ду чизи сиёҳ, чизе нест, хурмо ва об? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Балки он (савол) хоҳад буд".
Ҳасан Ривояти Тирмизӣ ва ибни Моҷаҳ