Skip to content

Лаънати Аллоҳ бар яҳудиён ва насрониён, (ки) қабрҳои паёмбаронашонро ибодатгоҳ қарор доданд

Аз Оиша ва Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфтанд:

Ҳангоме ки (малакулмавт ва ҳолоти вафот) бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шуд, хамисае (порчаи матоъе) бар чеҳраи худ меандохт ва ҳангоме ки нафасашон танг мешуд онро аз чеҳрааш бардошта ва дар ҳамин ҳол мегуфт: "Лаънати Аллоҳ бар яҳудиён ва насрониён, (ки) қабрҳои паёмбаронашонро ибодатгоҳ қарор доданд". Ва нисбат ба коре, ки анҷом додаанд ҳушдор медоданд.

لَمَّا نَزَلَ بِرَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ طَفِقَ يَطْرَحُ خَمِيصَةً لَهُ عَلَى وَجْهِهِ، فَإِذَا اغْتَمَّ بِهَا كَشَفَهَا عَنْ وَجْهِهِ، فَقَالَ وَهُوَ كَذَلِكَ: «لَعْنَةُ اللَّهِ عَلَى اليَهُودِ وَالنَّصَارَى، اتَّخَذُوا قُبُورَ أَنْبِيَائِهِمْ مَسَاجِدَ» يُحَذِّرُ مَا صَنَعُوا.

Муттафақун алайҳи
Саҳеҳ
Шарҳ

Оиша ва ибни Аббос (разияллоҳу анҳум) моро хабар доданд, ки ҳангоме марг ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) наздик шуд, пораи матоъеро ба рӯйи худ мегузошт ва агар нафаскашӣ ба сабаби сакароти мавт барояш душвор мегашт онро аз чеҳрааш дур мекард ва дар он ҳолати сахт гуфт: Худованд яҳуду насороро лаънат кунад ва аз раҳматаш дур кунад. Зеро онон бар сари қабрҳои паёмбаронашон масҷидҳо сохтанд ва агар хатарнокӣ ва аҳамияти ин масъала намебуд, дар чунин шароите онро зикр намекарданд. Барои ҳамин Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) умматашро аз монанд кардан ба онон дар ин кор наҳйи кардаанд. Зеро ин амали яҳудиён ва насрониён аст ва василае аст барои ширк ба Аллоҳи бузург.

Маънои калимаҳо

.....:

Аз фоидаҳои ҳадис

Манъи қарор додани қабрҳои паёмбарон ва солеҳон ба монанди масҷидҳое, ки дар он намоз баргузор мешавад. Зеро ин василае ба сӯи ширк аст.

Таваҷҷуҳи шадиди Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва таваҷҷуҳашон ба тавҳид ва тарсашон аз бузургдошти қабрҳо. Зеро ин ба ширк оварда мерасонад.

Яҳудиён ва насрониён ва ҳар касе монанди онон бар болои оромгоҳҳо масҷид месозанд, лаънат карданашон ҷоиз аст.

Бино сохтан бар қабрҳо аз суннати яҳудиён ва насрониён аст. Ва дар ҳадис аз монанд шудан ба онон наҳйи шудааст.

Аз ҷумлаи қарор додани қабрҳо ба унвони масҷид он аст, ки назди ин қабрҳо ва ба сӯи онҳо намоз хонда шавад, ҳатто агар масҷиде бар рӯйи он сохта нашавад.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Бухорӣ (1/ 95) (435).

(2/ 102) (1390).

Саҳеҳ Муслим (1/ 377) (531).

(1/ 376) (529).

Бештар (4)

الملخص في شرح كتاب التوحيد.

للشيخ صالح الفوزان (ص170).

الجديد في شرح كتاب التوحيد.

لمحمد بن عبد العزيز السليمان القرعاوي (ص185).