Skip to content

"Худованд раҳмат кунад мардеро, ки дар хариду фурӯш ва дар бозпасгирии қарзи худ осонгир аст".

Аз Ҷобир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"Худованд раҳмат кунад мардеро, ки дар хариду фурӯш ва дар бозпасгирии қарзи худ осонгир аст".

«رَحِمَ اللهُ رَجُلًا سَمْحًا إِذَا بَاعَ، وَإِذَا اشْتَرَى، وَإِذَا اقْتَضَى».

Ривояти Бухорӣ
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои касоне, ки дар хариду фурӯш осонгир ва саховатманду некрафтор ҳастанд, дуои нек фармуданд. Дар вақти фурӯш бо муштарӣ некрафтор бошад ва ба қимати муносиб ба ӯ бидиҳад. Агар аз дигарон чизе мехарад саховатманд бошад ва қимати моли онҳоро беарзиш накунад. Дар талаби қарзи худ сахтгир набошад, балки бо нармӣ ва мардонагӣ онро талаб кунад ва то метавонад ба ӯ мӯҳлати бештар диҳад, дар баробари фақирону бенавоён сангдил ва сахтгир набошад.

Маънои калимаҳо

...:

Аз фоидаҳои ҳадис

Яке аз ҳадафҳои шариат, ҳифз ва нигоҳ доштани ончи боиси беҳтар шудани муносибот байни мардум мешавад, аст.

Ташвиқ ба корбурди ахлоқи нек дар муомилот байни мардум, ба монанди хариду фурӯш ва амсоли он.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Бухорӣ (3/ 57) (2076).

Бештар (7)

نزهة المتقين (2/ 944).

كنوز رياض الصالحين.

لمجموعة من الباحثين (16/ 386).

منار القاري.

لحمزة محمد قاسم (3/ 258).

شرح رياض الصالحين.

لابن عثيمين (5/ 405).