" Худоё! қабри маро чун бутхона магардон
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
" Худоё! қабри маро чун бутхона магардон, Аллоҳ лаънат кунад қавмеро, ки қабрҳои паёмбаронашонро масҷид гирифтаанд".
«اللهم لا تجعل قبري وثنًا، لعن الله قومًا اتخذوا قبور أنبيائهم مساجد».
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба сӯи Парвардигор дуо фармуд то қабри ӯро монанди буте ки парастида мешавад ва сӯи он саҷда гузошта мешавад, нагардонад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) огаҳ фармуданд, ки Худованд касонеро, ки қабрҳои паёмбаронашонро ҳамчун масҷид гирифтанд аз раҳматаш дур ва ронда кардааст, зеро масҷид қарор додани он чизе ҷуз васила ва баҳона барои ибодат ва эътиқод доштанд ба онҳо нест.
وثنًا: والوثن كل ما عبد من دون الله كالقبور والأشجار والحيطان والأحجار ونحوِها.
Зиёдаравӣ аз меъёри шаръӣ дар мавриди қабрҳои паёмбарон ва солеҳон, боиси парастиши онҳо ба ғайр аз Аллоҳ мегардад, бинобар ин бояд аз ҳаргуна васила, ки ба ширк мерасонад барҳазар буд.
Ба қасди ибодат ва ё бузургдошти қабрҳо рафтан, новобаста аз он ки соҳиби қабр аз солеҳон ва дӯстони Аллоҳ бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ ҷоиз нест.
Бино кардани масҷид бар қабрҳо ҳаром аст.
Хондани намоз назди қабр, агарчи масҷид ҳам онҷо бино нашуда бошад, ҳаром аст, ба ҷуз намози ҷаноза назди қабре, ки бар ӯ намози ҷаноза хонда нашуда бошад.
Муснади Аҳмад (12/ 314) (7358).
Бештар (12)
فتح المجيد شرح كتاب التوحيد.
لعبد الرحمن التميمي (1/ 434).
القول المفيد على كتاب التوحيد.
لمحمد بن عثيمين (1/ 434).
الملخص في شرح كتاب التوحيد.
لصالح الفوزان (ص178).
الجديد في شرح كتاب التوحيد.
لمحمد القرعاوي (ص194).
التمهيد لشرح كتاب التوحيد.
لصالح آل الشيخ (ص51).
مشكاة المصابيح.
للتبريزي (1/ 234).
Дар китобҳо иқтибос шудааст
2 КитобҳоБештар (2)
- الأسئلة المختارة من قاموس الأسئلة الشائعة حول الإسلامقسم النبوة«اللَّهُمَّ لَا تَجْعَلْ قَبْرِي وَثَنًا، لَعَنَ اللَّهُ قَوْمًا اتَّخَذُوا قُبُورَ أَنْبِيَائِهِمْ مَسَاجِدَ»
- موسوعة الأسئلة (المجموعة الأولى)«اللَّهُمَّ لَا تَجْعَلْ قَبْرِي وَثَنًا، لَعَنَ اللَّهُ قَوْمًا اتَّخَذُوا قُبُورَ أَنْبِيَائِهِمْ مَسَاجِدَ»