Skip to content

"Ҳар кас аз обурӯи бародараш дифоъ кунад, Аллоҳ Таъоло дар рӯзи қиёмат оташи дӯзахро аз ӯ дур мегардонад".

Аз Абудардо (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки фармуд:

"Ҳар кас аз обурӯи бародараш дифоъ кунад, Аллоҳ Таъоло дар рӯзи қиёмат оташи дӯзахро аз ӯ дур мегардонад".

«مَنْ رَدَّ عَنْ عِرْضِ أَخِيهِ رَدَّ اللهُ عَنْ وَجْهِهِ النَّارَ يَوْمَ الْقِيَامَةِ».

Ривояти Тирмизӣ ва Аҳмад
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар касе аз обурӯй ва шаъну шарафи бародараш дар ғиёби ӯ дифоъ кунад ва нагузорад ба ӯ иҳонат ва бадӣ расад, Аллоҳ Таъоло дар рӯзи қиёмат азобро аз ӯ дур месозад.

Маънои калимаҳо

عِرْضِ أَخِيهِ: العرض هو ما يُمْدَح به الإنسان أو يذم.

Аз фоидаҳои ҳадис

Сухан нагуфтан дар мавриди номус ва шарафи мусалмон.

Подош аз ҷинси амал аст, ҳар касе аз обурӯи бародараш дифоъ кунад, Аллоҳ оташи дузахро аз ӯ дур месозад.

Ислом дини бародарӣ ва ҳимоят аз ҳамдигар аст.

Манбаъҳо

Сунани Тирмизӣ (3/ 488) (1931).

Муснади Аҳмад (45/ 528) (27543).

Бештар (8)

توضيح الأحكام من بلوغ المرام.

للبسام (7/ 499).

منحة العلام في شرح بلوغ المرام.

لعبد الله الفوزان (10/ 349).

فتح ذي الجلال والإكرام.

لابن عثيمين (6/ 437).

سبل السلام بشرح بلوغ المرام.

للصنعاني (2/ 692).