Skip to content

"Агар шумо чуноне, ки шоиста аст, бар Аллоҳ таваккал кунед, ба шумо рӯзӣ хоҳад дод ҳамчуноне, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, ки субҳ гурусна аз лонаи худ берун мераванд ва шомгоҳон бо шиками сер боз мегарданд".

Аз Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

"Агар шумо чуноне, ки шоиста аст, бар Аллоҳ таваккал кунед, ба шумо рӯзӣ хоҳад дод ҳамчуноне, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, ки субҳ гурусна аз лонаи худ берун мераванд ва шомгоҳон бо шиками сер боз мегарданд".

«لَوْ أَنَّكُمْ كُنْتُمْ تَوَكَّلُونَ عَلَى اللهِ حَقَّ تَوَكُّلِهِ لَرَزَقَكُمْ كَمَا يَرْزَقُ الطَّيْرَ تَغْدُو خِمَاصًا وَتَرُوحُ بِطَانًا».

Ривояти Имом Аҳмад, Тирмизӣ, Насоӣ, Ибни Моҷаҳ, Ибни Ҳиббон дар Саҳеҳи худ ва Ҳоким
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) моро ташвиқ мекунад, ки дар талаби нафъ ва дур кардани зарар дар умури дин ва дунёи худ, ба Худованди Мутаъол таваккул кунем, зеро касе ато намедиҳад, боз намедорад, суд ва зиён намебахшад магар Ӯ Таъоло. Мо бояд ба таваккул кардани холисона бар Худо амалҳоеро анҷом диҳем, ки дар он ҷалби манфиат ва дафъи зарар бошад. Чун агар мо ин корро анҷом диҳем Худованд ба мо рӯзӣ медиҳад, он гуна ки парандагон саҳаргоҳ аз лонаҳо бо шиками гурусна берун меоянд ва шомгоҳ бо шиками сер бармегарданд. Ин амали парандагон навъе аз асбоби талош барои талаби ризқ ва рӯзӣ бидуни вобастагӣ ва танбалӣ аст.

Аз фоидаҳои ҳадис

Фазилати ба Аллоҳ таваккал кардан ва инки таваккал кардан ба Аллоҳ аз бузургтарин сабабҳои ҷалби ризқ аст.

Таваккул мунофот бо амал кардан ба асбоб надорад, зеро Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки таваккал кардани ростин муқобил бо саъю талош дар талаби ризқ нест.

Аҳамият додани шариат ба амалҳои қалбӣ, зеро таваккал кардан худ аз амалҳои қалбӣ аст.

Такя кардан фақат ба сабабҳо кӯтоҳӣ дар дин ва тарки сабабҳо кӯтоҳӣ дар ақл аст.

Манбаъҳо

Сунани Тирмизӣ (4/ 151) (2344).

Сунани ибни Моҷаҳ (5/ 266) (4164).

Муснади Аҳмад (1/ 332) (205).

Бештар (5)

التحفة الربانية في شرح الأربعين حديثًا النووية (ص103).

فتح القوي المتين في شرح الأربعين وتتمة الخمسين.

للعباد (ص152).

الأحاديث الأربعون النووية وعليها الشرح الموجز المفيد.

لعبد الله المحسن (ص91).