شرح ألفاظ الأذان
كتاب ألفاظ الأذان شرح مختصر لمعاني ألفاظ الأذان بأسلوب يناسب غير المسلمين
Шарҳи лафзҳои азон
Кумитаи илмӣ вобастаи Ҷамъияти хидмат ба муҳтавои исломӣ бо забонҳо
Азон нидои илоҳист, ки мусалмон онро рӯзе панҷ бор мешунавад, бузургии Худоро ба ёдаш меорад ва ӯро ба сӯи некӣ ва наҷот даъват мекунад. Ин лаҳзаи иртиботи инсон бо Офаридгораш аст, ки дар он аз ғавғои дунё дур шуда, барои муноҷот бо Парвардигораш меистад. Азон маҳз эълони фаро расидани вақти намоз нест, балки он даъватест ба оромӣ, имон ва таҷдиди пайванд бо Аллоҳ. Азон маъноҳои олиеро дар худ ҷой додааст, ки бо бузургдошти Аллоҳ оғоз шуда, бо даъват ба намоз хотима меёбад, ки дар он мусалмон оромиши худро меёбад. Ҳар боре, ки садои азон баланд мешавад, ба қалб замзама мекунад, ки ҳаёти ҳақиқӣ бо наздикӣ ба Худо оғоз мешавад.
Калимаҳои азон:
Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар.
Аллоҳу акбар
Лафзи Ҷалола: "Аллоҳ" ба маънои Маълуҳ, яъне Маъбуд (Парастидашуда) аст ва он номи Парвардигори Офаридгор, ҷалла ҷалолуҳу, мебошад. Ҳамаи номҳои илоҳӣ тобеъ ва сифати Ӯ ҳастанд. Аллоҳ Ягона ва Яктост, ки на зодааст ва на зода шудааст. Ӯ Офаридгори осмонҳо ва замин аст.
"Аллоҳу акбар", яъне Аллоҳ бузургтар аз ҳама чиз аст ва гиромитар аз он аст, ки ба Ӯ чизе нисбат дода шавад, ки сазовори ҷалолу камоли Ӯ нест.
Аллоҳу Акбар... Ин ибора ба мусалмон ёдовар мешавад, ки ҳеҷ чиз дар ин зиндагӣ набояд ӯро аз Офаридгораш ғофил созад ва инсон бояд дар зиндагии худ мувофиқи ирода ва шариати Худо амал кунад, на бар асоси ҳавову ҳавас ва шаҳватҳои худ. Зеро Аллоҳ аз ҳар чизе, ки дар дунёст, бузургтар аст.
Аллоҳу акбар"-ро созанда мешунавад, корашро бозмедорад, кишоварз шудгорашро бозмедорад, тоҷир дӯконашро мебандад ва муаллим дарсашро қатъ мекунад; зеро Аллоҳ аз ҳар кор ва амал бузургтар аст. Ин бозистодан ва рӯй овардан ба ибодат далели он аст, ки Аллоҳ дар қалби муъмин аз тамоми молу матои дунё бузургтар аст. Аллоҳ бузургтар аз ҳар балову мусибат ва аз ҳар шароити зиндагӣ, аст. Ва ҳар кӣ ба ин имон оварад, бӯҳронҳоро ночиз мешуморад ва дилаш ором мегирад, зеро ӯ ҳамроҳи Аллоҳ аст; ба қазояш розӣ ва ба ҳикмату тадбираш эътимод дорад.
Ашҳаду ан ло илоҳа иллалоҳ, Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ. (Шоҳиди медиҳам, ки нест маъбуди барҳақ магар Аллоҳ, Шоҳиди медиҳам, ки нест маъбуди барҳақ магар Аллоҳ)
Шоҳиди медиҳам, ки нест маъбуди барҳақ магар Аллоҳ
Ин шаҳодати аввал аст ва маънояш иқрор ба он аст, ки Аллоҳ офаридгори ҳама чиз, Парвардигор, Подшоҳ ва Тадбиркунандаи он аст ва Ӯст, ки бояд танҳо ибодат карда шавад, на ғайри Ӯ. Ва ин ки ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Аллоҳи ягона нест, Ӯ ягона аст, шарике надорад, фарзанде надорад ва ҳамтое надорад. Пас ибодат набояд барои ғайри Аллоҳ анҷом дода шавад ва набояд аз ғайри Аллоҳ дуо хоста шавад.
Ин шаҳодат бузургтарин шаҳодат дар олам ва асли имон дар тамоми рисолатҳои илоҳӣ мебошад. Тамоми паёмбарон (алайҳимуссалом), аз Нӯҳу Иброҳим ва Мӯсову Исо то Муҳаммад, қавмҳои худро ба иқрор, қабул ва имон овардан ба ин ки нест маъбуди ба ҳақ ҷуз Аллоҳ, даъват намуданд. Он калимаест, ки Аллоҳ махлуқотро ба хотири он офарид, паёмбаронро барои тақрири он фиристод ва китобҳоро барои баёни он нозил кард, биҳиштро подоши касе қарор дод, ки онро холисона аз қалбаш иқрор кунад ва оташро бар касе, ки бо яқин ба он бимирад, ҳаром гардонид.
Он калиди имон, дари наҷот, асли дин ва асоси тавҳид аст.
Аз барои ин калима мардум аз қабрҳояшон барангехта шуда, дар рӯзи қиёмат ҳисобу китоб карда мешаванд, ҳар касе, ки бар он зиндагӣ кард ва бо он ҳаёташро хатм намуд, ба растагории бузург ноил шудааст, ва ҳар касе, ки онро рад кард ва ба забон наовард, сазовори ҷовидона дар ҷаҳаннам мондан мегардад.
Ашҳаду анна Муҳаммадан расуллулоҳ, Ашҳаду анна Муҳаммадан расуллулоҳ. (Шоҳиди медиҳам, ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст, Шоҳиди медиҳам, ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст)
Шоҳиди медиҳам, ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст
Маънои ин шаҳодат он аст, ки мусалмон гувоҳӣ диҳад, ки Аллоҳ Муҳаммадро ҳамчун хотимадиҳандаи паёмҳои илоҳӣ ва расонандаи паёми Парвардигораш ба сӯи мардум фиристодааст. Ва инки мусалмон яқин дошта бошад, ки ҳеҷ роҳе барои ибодати Аллоҳ ва даст ёфтан ба ризоияти Ӯ вуҷуд надорад, магар бо гувоҳӣ додан ба паёмбарии Расул (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), пайравӣ ва иқтидо намудан ба ӯ ва ибодат кардани Аллоҳ тибқи шариате, ки Паёмбар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) расонидааст. Инчунин ҳар ибодате, ки инсон ба воситаи он наздикӣ меҷӯяд, вале Паёмбар онро нарасонидааст, ибодати ботил буда, соҳибашро дар дунё ва охират нафъе намерасонад, балки барои он муҳосаба ва муҷозот мешавад, зеро ӯ Аллоҳро ба ғайри он чизе, ки Паёмбараш (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) расонидааст, ибодат кардааст.
Ҳамчунин ин шаҳодат дар бар мегирад, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бандаи Аллоҳ ва фиристодаи Парвардигори оламиён аст. Ҳамчунин дар бар мегирад, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) хотами паёмбарон (алайҳимуссалом) аст ва баъд аз ӯ паёмбаре нест. Инчунин имон доштан ба тамоми оятҳоеро, ки овардааст, дар бар мегирад, ки бузургтарини онҳо Қуръони Карим аст. Қуръони Карим паёми хотимавии илоҳӣ аст, ки то ҳол бо ҳамон забоне, ки нозил шудааст, боқӣ монда, аз зиёдативу нуқсон ва тағйир маҳфуз мебошад. Қуръони Карим дар фасоҳату балоғат, аҳком ва ҳидоятҳояш беҳамтост ва Худованд башариятро ба чолиш кашидааст, ки ҳатто як сурае монанди он биёваранд; аммо онҳо дар тӯли солҳо ва то имрӯз оҷиз мондаанд ва то имрӯз башарият аз анҷоми ин кор нотавон аст.
Ҳамчунин ин шаҳодат дар бар мегирад, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) барои бозгардонидани мардум ба сӯи тавҳид омадааст, ҳамон гуна ки пеш аз ӯ Иброҳим, Мӯсо ва Исо (алайҳимуссалом) анҷом дода буданд. Ӯ фиристодаи Парвардигори оламиён аст ва ҳамон роҳеро паймуд, ки ҳамаи паёмбарон дар расонидани паёмҳои Парвардигорашон паймуда буданд, бо ин тафовут, ки баъд аз ӯ дигар паёмбаре нест.
Ба суи намоз бишитобед, ба суи намоз бишитобед
Ба суи намоз бишитобед
Маънои ҷумла: Эй муъминон, ба ибодати Парвардигоратон рӯй оваред, зеро Ӯ омурзандаву меҳрубон аст, тавбаро қабул мекунад ва аз гуноҳон дармегузарад.
Чӣ шарафи бузургест, ки Худованд ба инсоне дар ҳар маконе, ки гурӯҳе аз мусалмонон бошанд, амр мекунад, то нидо диҳад ва онҳоро ҳар рӯз панҷ маротиба даъват намояд, ва ба онҳо бигӯяд: "Ба сӯи ибодати Парвардигоратон бишитобед ва рӯй оваред".
Ин нидо ва ёдоварӣ барои мӯъминон аст, ки вақти ибодати Парвардигорашон фаро расидааст ва онҳо бояд аз он чи ки аз умури дунё машғулашон медорад, даст кашида, ба ибодат рӯй оранд; ва бояд тиҷорату кишоварзиро, ки дар даст доранд, тарк карда, ба сӯи Аллоҳ рӯй оваранд. Ин далели ростии имон аст ва ин ки имон аз тамоми матоъи дунё муқаддамтар аст.
Ин нидоест, ки мардумро ба намоз даъват мекунад, ки он робитаи мустақим байни банда ва Парвардигораш буда, ҳамзамон ибодатест, ки табақабандиро аз байн мебарад ва мардумро дар назди Парвардигорашон баробар месозад.
Ба суи наҷот бишитобед, ба суи наҷот бишитобед
Ба суи наҷот бишитобед
Растагорӣ яъне розигӣ, комёбӣ, саломатӣ ва наҷот дар дунё ва охират, саодати ҷовидонӣ ва ҳидоят ба роҳи рост.
Аз маъноҳои он ба даст овардани розигии Аллоҳ, ворид шудан ба биҳишт ва наҷот ёфтан аз оташи дӯзах аст, зеро касе ки имон овард ва намоз гузошт, ҳамоно растагор шудааст, ва касе ки растагор шуд, наҷот ёфта, ба зиндагии ҷовидонӣ дар биҳишт даст ёфтааст.
Муаззин дар ҳар намоз ба мӯъминон ёдоварӣ мекунад, ки ба сӯи амну амонӣ, оромиши дил, покии рӯҳ ва саодати дунёву охират рӯй оваранд.
Аллоҳу акбар Аллоҳу акбар, Ла илоҳа иллаллоҳ (Аллоҳ бузург аст, Аллоҳ бузург аст, нест худое ба ҳақ ҷуз Аллоҳ)
Хотима бо такбир ва тавҳид
Азон бо такрори ҷумлаи "Аллоҳу акбар" ва таъкиди "Ло илоҳа иллаллоҳ" хотима меёбад. Ин ду ҷумла таъкиде бар маонии пешин буда, меҳвари вуҷуди башарӣ бар онҳост. Ин ҳақиқат росттарин ҳақиқати кавнӣ ва вуҷудӣ аст, хоҳ инсон онро дарк кунад ё накунад, бидонад ё надонад, зеро ба ҳақиқатҳои бузург ҷаҳолати баъзе аз мардум зараре намерасонад. Ин ҳақиқат, ҳар қадар замон тӯл кашад ва ҳодисаҳо пайиҳам оянд, тағйир ва табдил намеёбад. Он ҳақиқат ин аст, ки Аллоҳ аз ҳар чиз бузургтар аст, Аллоҳ маъбуди барҳақ аст, танҳо Ӯ сазовори ибодат мебошад ва ибодати ғайри Ӯ ботил аст.
Ин даъватест ба бузургдошти он чизе, ки Аллоҳ бузург доштааст ва шаҳодат додан барои Аллоҳ ба он чизе, ки Ӯ барои Худ шаҳодат додааст ва паёмбарон (алайҳимуссалом) ва мӯъминон ба он шаҳодат додаанд.
Дар хотима: Азон на танҳо як нидо барои намоз аст, балки он нидоест ба сӯи растагорӣ, комёбӣ ва муваффақият. Он паёмест, ки ҳар рӯз панҷ маротиба дар масҷидҳо такрор мешавад, то дилҳоро бедор созад, ба ёдамон оварад, ки Аллоҳ наздик аст, оромиш имконпазир аст ва роҳи растагорӣ бо намоз ва пайванди байни банда ва Офаридгораш оғоз мешавад.
Бинобар ин, ҳамроҳи муаззин такрор кун: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, ло илоҳа иллаллоҳ. Шаҳодати тавҳидро такрор намо ва ба он чӣ Аллоҳ худ ба он гувоҳӣ додааст ва ба он ҳаққе, ки фиристодагонаш овардаанд, гувоҳӣ бидеҳ, то аз ҷумлаи комёбон ва мусалмонони муваҳҳид гардӣ.
Қалби худро ба рӯи имон боз кун ва бигӯ: “Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳамадан расулуллоҳ”, ба раҳмати Аллоҳ дохил мешавӣ, дар дунё саодатманд мегардӣ, дар охират наҷот меёбӣ ва рӯзи қиёмат дар зумраи муъминон маҳшур хоҳӣ шуд.