Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

4 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

"Чор чиз аст, ки агар дар шахсе бошанд, он шахс мунофиқи холис аст ва агар яке аз онҳо дар ӯ бошад, ба хислате аз хислатҳои нифоқ муттасиф гардидааст, магар он, ки он хислатро тарк намояд: Чун сухан бигӯяд, дурӯғ гӯяд; агар ваъда диҳад хилофи ваъдааш амал кунад; агар душманӣ кунад аз ҳад мегузарад; агар аҳду паймон бибандад, хиёнат кунад".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим
التصنيف الشرعيالأربعون النووية، ذم المعاصي، النفاق
"Онки пайванди хешовандиро нигоҳ медорад, на он аст, ки муомилаи ба мисл кардааст, балки ӯ касе аст, ки чун аз ӯ риштаи хешовандӣ катъ шавад онро васл менамояд"
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
التصنيف الشرعيالمجتمع المسلم، فضائل صلة الأرحامموضوعات الحديثصلة الرحم
"Ҳар кас, ки муоҳад (кофире, ки бо аҳду паймон дар ватани мусалмонон даромадааст)-ро бикушад, бӯи биҳиштро эҳсос намекунад, ҳарчанд, ки бӯи он аз масофаи чиҳил сол ба машом мерасад."
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
التصنيف الشرعيأحكام أهل الذمة والهدنة والأمانموضوعات الحديثقتل الذمي بغير حقمحاور التعريف بالإسلامعدل الإسلام
"Аз ман ба дигарон, агарчи як оят ҳам бошад, бирасонед. Эроде барои шумо нест агар дар мавриди Бани Исроил нақл ва сухан мегӯед, ва ҳар касе қасдан бар ман дурӯғ бандад, ҷойгоҳи худро дар дӯзах омода созад".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
التصنيف الشرعيفضل الدعوة إلى الله وأحكامها، قصص وأحوال الأمم السابقة، أهمية السنة ومكانتهاموضوعات الحديثنشر العلم بالدعوة إلى الله، الدعوة إلى الله، الكذب على الله ورسوله