Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

36 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
Яке аз саҳобагони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки моро Қуръон таълим медод, гуфт, ки онҳо даҳ оятро аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) меомӯхтанд ва пас аз худ кардани маъно ва мафоҳим ва амал кардан ба он, сипас ба фарогирии даҳ ояти дигар мепардохтанд. Мегӯянд: илм ва амал карданро (бо ҳам) меомӯхтем.
Ҳасан Ривояти Аҳмад
"Никоҳ вуҷуд надорад, магар бо ҳузури валӣ"
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Ҳар кӣ чизе аз илми нуҷум биомӯзад, шохае аз ҷодугарӣ омӯхтааст, ва ҳарчи бештар биомӯзад, сеҳри бештар омӯхтааст".
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Одамизод ҳеҷ зарферо бадтар аз шикамаш пур накардааст. Барои инсон кофӣ аст чандон бихӯрад, ки зинда бимонад, агар ночор ба хӯрдани бештар аз он шуд, пас, бояд сеяки меъдаи худро барои хӯрданиҳо ва сеяки дуюмро ба нӯшиданиҳо ва сеяки дигарро барои нафас кашидан ихтисос диҳад".
Саҳеҳ Ривояти Имом Аҳмад, Тирмизӣ, Насоӣ ва Ибни Моҷаҳ
"Ба соҳиби Қуръон (касе ки Қуръонро ҳифз карда ва ба он амал мекунад) гуфта мешавад: бихон ва соҳиби манзилати боло бишав, Қуръонро бо тартил бихон, чунончи дар дунё онро бо тартил мехондӣ, зеро ҷойгоҳ ва манзилати ту назди охирин ояте аст, ки мехонӣ"
Ҳасан Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ, Насоӣ дар Кубро ва Аҳмад
"Агар шумо бар Худованд он гуна, ки шоистаи Ӯ Таъоло аст таваккул кунед, Ӯ ба шумо он гуна рӯзӣ медиҳад, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, субҳ аз лонаи худ бо шиками холӣ мебароянд ва шомгоҳ бо шиками пур бармегарданд"
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Мисвок поккунандаи даҳон ва писандида назди Худованд аст".
Саҳеҳ Ривояти Насоӣ ва Аҳмад
Гуфтам: Эй паёмбари Аллоҳ! Дар мавриди Ислом ба ман сухане бигӯ, ки ҷуз ту аз касе напурсам. Фармуданд: "Бигӯ: Ба Аллоҳ имон овардам, сипас истиқомат биварз (рост бош)".
Саҳеҳ Ривояти Муслим ва Аҳмад