Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

28 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Ҳар кӣ чизе аз илми нуҷум биомӯзад, шохае аз ҷодугарӣ омӯхтааст, ва ҳарчи бештар биомӯзад, сеҳри бештар омӯхтааст".
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Одамизод ҳеҷ зарферо бадтар аз шикамаш пур накардааст. Барои инсон кофӣ аст чандон бихӯрад, ки зинда бимонад, агар ночор ба хӯрдани бештар аз он шуд, пас, бояд сеяки меъдаи худро барои хӯрданиҳо ва сеяки дуюмро ба нӯшиданиҳо ва сеяки дигарро барои нафас кашидан ихтисос диҳад".
Саҳеҳ Ривояти Имом Аҳмад, Тирмизӣ, Насоӣ ва Ибни Моҷаҳ
"Агар шумо бар Худованд он гуна, ки шоистаи Ӯ Таъоло аст таваккул кунед, Ӯ ба шумо он гуна рӯзӣ медиҳад, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, субҳ аз лонаи худ бо шиками холӣ мебароянд ва шомгоҳ бо шиками пур бармегарданд"
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Мисвок поккунандаи даҳон ва писандида назди Худованд аст".
Саҳеҳ Ривояти Насоӣ ва Аҳмад
Гуфтам: Эй паёмбари Аллоҳ! Дар мавриди Ислом ба ман сухане бигӯ, ки ҷуз ту аз касе напурсам. Фармуданд: "Бигӯ: Ба Аллоҳ имон овардам, сипас истиқомат биварз (рост бош)".
Саҳеҳ Ривояти Муслим ва Аҳмад
Аз Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди биҳишт мекунад, пурсида шуд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Тарс аз Аллоҳ ва ахлоқи неку". Ҳамингуна чун аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди дӯзах мекунад, пурсида шуд, фармуданд: "Даҳон ва шармгоҳ (аврат)".
Ҳасан саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
" Худованд мисоли роҳи рост (Сироти мустақим)-ро ин гуна баён медорад, ки дар ду тарафи он девор аст ва дар он деворҳо дарҳои боз ва бар дарҳо пардаҳо овезон аст. Назди дари "Сирот" касе истодааст, ки мегӯяд: эй мардум! Ҳамагон вориди ин роҳ (-и рост) шавед ва каҷравӣ накунед. Нидокунандаи дигаре бар сари он роҳ аст, ки агар касе бихоҳад яке аз он дарҳоро боз кунад (яъне пардаи онро кушояд), мегӯяд: вой бар ту он дарро боз накун, ки дохили он мешавӣ. Сирот (роҳ) ҳамон Ислом аст ва деворҳо ҳамон ҳудуд, ки Худованд гузоштааст ва дарҳои боз ҳаромкардаҳои Аллоҳ. Нидокунандае ки бар сари роҳ аст, китоби Аллоҳ ва даъваткунандае ки болои роҳ аст панддиҳандае аз ҷониби Аллоҳ дар дили ҳар як мусалмон аст"
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ ва Аҳмад
"Дуо ибодат аст", сипас ин оятро қироат фармуданд: "Парвардигоратон фармуд: Маро бихонед, то [дуои] шуморо иҷобат кунам. Касоне, ки аз ибодати Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ бо хорӣ ба ҷаҳаннам ворид мешаванд". (Сураи Ғофир: 60)
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад