Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

1 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Категорияҳо

Дараҷаи ҳадис

Дар сафаре ҳамроҳи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) будам, дар ҳоли роҳ рафтан ба ӯ наздик шудам ва ба ӯ гуфтам: Эй Пёмбари Худо, аз амале бароям бигӯ, ки маро ба биҳишт дохил кунад ва аз оташи дӯзах дур созад". Паёмбар гуфт: «Ба дурустӣ, маро аз (коре) бузург суол кардӣ. Дар ҳақиқат ин (кор) танҳо бар касе осон аст, ки Худои Таъоло онро бар вай муяссар гардонад: Худоро ибодат кунӣ ва ба Ӯ ҳеҷ чизро шарик муқаррар насозӣ; ва намоз бигузорӣ; ва закот бидиҳӣ; ва (моҳи) Рамазонро рӯза бидорӣ; ва Хонаро ҳаҷ бикунӣ». Сипас гуфт: «Оё туро ба дарвозаҳои хайр далолат кунам?: Рӯза сипар аст (ки рӯзадорро аз азоби дӯзах нигоҳ медорад); ва садақа гуноҳро маҳв месозад, ҳамчуноне, ки об оташро хомӯш месозад; ва (дигаре аз дарвозаҳои хайр) намози мард дар нимаи шаб (аст)». (Ровӣ) гуфт: "Пас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) (ин оятро) тиловат кард: (Дар ними шаб) паҳлӯҳояшон аз бистарҳо дур мешавад (ва хоби ширинро тарк гуфта ва ба ибодати Парвардигорашон мепардозанд) [Сураи Саҷда, ояти 16]. Сипас гуфт: «Оё туро аз саромади ҳамаи корҳо, сутуни он ва баландтарини он хабар диҳам?» Гуфтам: "Оре, эй Расули Худо". Гуфт: «Саромади корҳо ислом аст, сутуни он намоз аст ва баландтарин мақоми он кӯшиш барои пешрафти дин аст». Сипас гуфт: «Оё туро аз асли ҳамаи онҳо хабар диҳам?» Гуфтам: "Оре, эй Расули Худо". Пас ба забонаш ишора карду гуфт: «Инро нигоҳ дор!» Гуфтам: "Эй Паёмбари Худо, оё барои он чи мо мегӯем, накӯҳиш карда мешавем?" Сипас гуфт: «Модарат дар мотамат нишинад, магар одамонро бар рӯйҳояшон - ё ин ки гуфт: бар биниҳояшон– ба ҷуз маҳсули бади забонҳояшон боз барои чизи дигаре ба оташ меафкананд?!» [Яъне ҷазои касе, ки дар байни мардум бадгӯӣ карда мегардад ин аст, ки ӯ аз рӯяш ва ё аз бинияш кашида-кашида ба дӯзах андохта мешавад].
Саҳеҳ ба маҷмуъи ривоятҳояш Ривояти Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад