Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

20 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Дуо ибодат аст", сипас ин оятро қироат фармуданд: "Парвардигоратон фармуд: Маро бихонед, то [дуои] шуморо иҷобат кунам. Касоне, ки аз ибодати Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ бо хорӣ ба ҷаҳаннам ворид мешаванд". (Сураи Ғофир: 60)
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хутбаи ҳоҷатро ба мо омӯхт: Ҳамоно, ҳамду ситоиш аз они Аллоҳ аст, мо аз Ӯ ёрӣ ва омӯрзиш мехоҳем ва аз шарру бадии нафсҳоямон ба Ӯ паноҳ мебарем, Ҳар касеро Аллоҳ ҳидоят кунад, барои ӯ гумроҳкунандае нест ва ҳар киро Аллоҳ гумроҳ кунад, барояш ҳидояткунандае нест, ва гувоҳӣ медиҳам, ки нест илоҳи барҳақ магар Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад бандаи Ӯ ва фиристодаи Ӯ Таъоло аст. (Эй мардум, аз Парвардигоратон парво кунед [битарсед], [ҳамон зоте] ки шуморо аз як тан офарид ва ҳамсарашро [низ] аз ӯ офарид ва аз [насли] он ду мардону занони бисёре пароканд. Ва аз Парвардигоре, ки ба [номи] Ӯ аз якдигар дархост мекунед, парво [тақво] намоед ва аз [гусастани] пайванди хешовандӣ бипарҳезед. Бе гумон, Аллоҳ Таъоло ҳамвора муроқиб [-у нигаҳбони] шумост.) (Сураи Нисо: 1). ( Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ Таъоло – он гуна ки шоистаи парво кардан [тарсидан] аз Ӯст – парво кунед [битарсед] ва ҷуз дар мусулмонӣ намиред) (Сураи Оли Имрон: 102) (Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ Таъоло парво кунед ва сухани рост ва дуруст бигӯед [Парҳезгор ва ростгӯ бошед] то Аллоҳ Таъоло корҳоятонро ислоҳ кунад ва гуноҳонатонро биёмӯрзад ва [бидонед] ҳар кӣ аз Аллоҳ Таъоло ва Паёмбараш итоат кунад, яқинан ба комёбии бузурге даст ёфтааст. (Сураи Аҳзоб: 70 - 71)
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ, Насоӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар байни ду саҷда "Раббӣ иғфир лӣ, раббӣ иғфир лӣ" (Парвардигоро манро бибахш, Парвардигоро манро бибахш) мегуфт.
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Насоӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Агар касе бародарашро дӯст бидорад, бигзор аз муҳаббаташ ӯро огаҳ кунад".
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ, Насоӣ дар Кубро ва Аҳмад