Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

4 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

Гурӯҳе аз асҳоби Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) назди эшон омаданд ва аз ӯ (с) пурсиданд: Мо дар дили худ чизҳое (ба монанди шак ва куфр) меёбем, ки ба забон овардани он бароямон бисёр сахт аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: "Оё чунин аст, ки мегӯед?" Гуфтанд: бале. Фармуданд: "Он имони холис аст"
Саҳеҳ Ривояти Муслим
التصنيف الشرعيالإيمان بالله عز وجل، الإيمانموضوعات الحديثأهمية التوحيد، الإيمان بالله تعالى
марде аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсид: оё ман агар намозҳои фарз (намозҳои панҷгона)-ро ба ҷо орам, моҳи рамазонро рӯза бидорам, ҳалолро ҳалол ва ҳаромро ҳаром бидонам, ва бар он чизеро зиёд накунам, оё бароям басанда аст аз аҳли биҳишт бошам? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Оре". Он мард гуфт: Қасам ба Аллоҳ чизеро бар он зиёд нахоҳам кард.
Саҳеҳ Ривояти Муслим
التصنيف الشرعيوجوب الصلاة وفضلها وحكم تاركها، وجوب الصيام وحكم تاركه، الإسلامموضوعات الحديثالصوم الواجب، تعظيم شعائر الله وحرماته، سعة فضل الله عز وجل، التقوى، مكانة الصلاة وفضلهامحاور التعريف بالإسلامأركان الإسلام
"Худованд мӯъмини некӯкорро зулм намекунад, барои амалҳои некаш дар дунё ато карда мешавад ва дар охират подоши нек барояш хоҳад дошт. Аммо кофир барои некиҳояш дар дунё рӯзӣ дода мешавад ва барои охират чизе аз некиҳояш намемонад то барояш подош дода шавад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
التصنيف الشرعيتوحيد الأسماء والصفات، الحياة الآخرة، الإيمان، الكفرموضوعات الحديثسعة فضل الله عز وجل، الإيمان باليوم الآخرمحاور التعريف بالإسلامعدل الإسلام، الحساب، النجاة بالدخول في الإسلام
Гуфтам: Эй паёмбари Аллоҳ! Дар мавриди Ислом ба ман сухане бигӯ, ки ҷуз ту аз касе напурсам. Фармуданд: "Бигӯ: Ба Аллоҳ имон овардам, сипас истиқомат биварз (рост бош)".
Саҳеҳ Ривояти Муслим ва Аҳмад
التصنيف الشرعيتزكية النفوس، الإيمان بالله عز وجل، الإسلام، الإيمانموضوعات الحديثالإيمان بالله تعالى