Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

12 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) намози бомдодро зери осмони абрӣ бароямон гузошт ва пас аз поёни намоз рӯй ба мо овард ва гуфт: "Оё медонед Парвардигоратон чи мегӯяд?" Гуфтанд: Худованд ва расулаш донотаранд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Парвардигоратон мегӯяд: баъзе аз бандагонам ба Ман имон оварданд ва баъзеи дигар кофир шуданд, Аммо ҳар касе гуфт: ба фазлу раҳмати Худованд бароямон борон борид, ӯ бар Ман имон овардааст ва бар ситора кофир шудааст. Аммо касе бигӯяд ба сабаби ин ва ё он ситора бароямон борон борид, пас ӯ бар Ман кофир ва бар ситорагон имон овардааст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки чизеро ба Ӯ шарик наёварда бошад, ба биҳишт ворид мешавад, ва ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки ба Ӯ ширк оварда бошад, ба дӯзах ворид мешавад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Гуфтам: Эй Расули Аллоҳ! Ибни Ҷудъон дар замони ҷоҳилият силаи раҳм (робитаи хешутаборӣ) бар ҷой меовард ва бар мискинон таъом медод, оё ин амалаш ба ӯ суд дорад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ба ӯ ҳеҷ нафъе надорад, зеро ӯ ҳеҷ гоҳ нагуфтааст: Парвардигоро рӯзи қиёмат гуноҳони маро биёмӯрз"
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Дар ҳақиқат вазнинтарин намоз бар мунофиқон намози хуфтан ва бомдод аст. Ва агар медонистанд дар он ду намоз (чи подоше) аст, барои адои он ҳатто хазида ба масҷид меомаданд. Ва ба таъкид хостам, ки амр намоям то намоз барпо шавад, сипас ба яке аз мардон амр кунам барои мардум намоз бихонад, сипас ҳамроҳ бо мардоне, ки бастаҳое аз ҳезум ба ҳамроҳ доранд ба сӯйи ақвоме биравам, ки барои намози ҷамоат ҳозир намешаванд, то хонаҳояшонро бо оташ бисӯзонам."
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи