Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

27 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Чор чиз аст, ки агар дар шахсе бошанд, он шахс мунофиқи холис аст ва агар яке аз онҳо дар ӯ бошад, ба хислате аз хислатҳои нифоқ муттасиф гардидааст, магар он, ки он хислатро тарк намояд: Чун сухан бигӯяд, дурӯғ гӯяд; агар ваъда диҳад хилофи ваъдааш амал кунад; агар душманӣ кунад аз ҳад мегузарад; агар аҳду паймон бибандад, хиёнат кунад".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим
"Шайтон назди яке аз шумо меояд ва мегӯяд: инро кӣ офарид? онро кӣ офарид? Ҳатто дар ниҳоят мепурсад: Парвардигори туро кӣ офарид? Чун агар яке аз шуморо чунин пурсише пеш ояд, ба Худо паноҳ бибарад ва аз идома додан ба чунин пурсише даст бикашад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) вақте Муъоз ибни Ҷабалро ба Яман фиристод, ба ӯ гуфт: "Ту назди мардумоне меравӣ, ки аҳли китоб ҳастанд, вақте онҳоро диди ба гуфтани "Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ" фаро бихон. Агар онҳо аз ту пазируфтанд ба онон бигӯ, ки Худованд дар як шабонарӯз панҷ вақт намозро фарз гардонидааст, пас агар онҳо намози панҷгонаро пазируфтанд ба онон бигӯ, ки Худованд садақаеро фарз гардонидааст, ки аз сарватмандони онҳо гирифта бар фақиронашон дода мешавад. Агар онҳо инро низ пазируфтанд аз амволи гаронбаҳои онҳо барҳазар бош ва аз дуои мазлум битарс, зеро байни мазлум ва байни Аллоҳ пардае вуҷӯд надорад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Худованд мӯъмини некӯкорро зулм намекунад, барои амалҳои некаш дар дунё ато карда мешавад ва дар охират подоши нек барояш хоҳад дошт. Аммо кофир барои некиҳояш дар дунё рӯзӣ дода мешавад ва барои охират чизе аз некиҳояш намемонад то барояш подош дода шавад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст: Гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ Таъоло нест ва ин ки Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) расул ва фиристодаи Худост, барпо доштани намоз, додани закот, ҳаҷҷи Хона ва рӯзаи Рамазон".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Мисоли як мунофиқ монанди гӯсфанде аст, ки миёни ду рама саргардон аст, гоҳ ба сӯи ин рама ва гоҳ ба сӯи рамаи дигар медавад"
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Гуфтам: Эй Паёмбари Худо! Оё барои амалҳое, ки дар замони ҷоҳилият ба қасди ибодат анҷом медодам, ба монанди садақа, озод кардани ғулом ва робитаи хешутаборӣ, подош хоҳам гирифт? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Некиҳое, ки пеш аз Ислом пазируфтан анҷом додаи, бо ту ҳастанд".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Миёни шахс ва ширку куфр, тарки намоз аст."
Саҳеҳ Ривояти Муслим