Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

14 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) намози бомдодро зери осмони абрӣ бароямон гузошт ва пас аз поёни намоз рӯй ба мо овард ва гуфт: "Оё медонед Парвардигоратон чи мегӯяд?" Гуфтанд: Худованд ва расулаш донотаранд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Парвардигоратон мегӯяд: баъзе аз бандагонам ба Ман имон оварданд ва баъзеи дигар кофир шуданд, Аммо ҳар касе гуфт: ба фазлу раҳмати Худованд бароямон борон борид, ӯ бар Ман имон овардааст ва бар ситора кофир шудааст. Аммо касе бигӯяд ба сабаби ин ва ё он ситора бароямон борон борид, пас ӯ бар Ман кофир ва бар ситорагон имон овардааст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Марде пурсид: Эй Расули Худо: Оё барои ончи дар замони ҷоҳилият анҷом додаем, пурсида хоҳем шуд? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Касе ки исломаш некӯ бошад - некӯӣ дар ислом ба маънои пойбанд будан дар дин ва тарки гуноҳон аст - ба ончи дар замони ҷоҳилият анҷом додааст бозхост нахоҳад шуд, (баробар аст, ки гуноҳ кабира бошад, монанди зино ва куштор, ё аз гуноҳони сағира (хурд)). Ва касе дар ислом муртакиби кори баде шуд (ва аз динаш баргардад), барои ончи дар ҷоҳилият ва ҳам барои ончи пас аз ислом оварданаш муртакиб шудааст, бозхост хоҳад шуд".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст: Гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ Таъоло нест ва ин ки Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) расул ва фиристодаи Худост, барпо доштани намоз, додани закот, ҳаҷҷи Хона ва рӯзаи Рамазон".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим
"Амр шудаам, ки бо мардум биҷангам, то ин ки онҳо гувоҳӣ диҳанд, ки маъбуде ба ҳақ нест ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст ва намозро бигузоранд ва закот бидиҳанд. Пас, вақте чунин карданд, ҷон ва молашонро аз ман ҳифз кардаанд, магар ба ҳаққи Ислом ва ҳисобашон назди Аллоҳ аст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Дар ҳақиқат вазнинтарин намоз бар мунофиқон намози хуфтан ва бомдод аст. Ва агар медонистанд дар он ду намоз (чи подоше) аст, барои адои он ҳатто хазида ба масҷид меомаданд. Ва ба таъкид хостам, ки амр намоям то намоз барпо шавад, сипас ба яке аз мардон амр кунам барои мардум намоз бихонад, сипас ҳамроҳ бо мардоне, ки бастаҳое аз ҳезум ба ҳамроҳ доранд ба сӯйи ақвоме биравам, ки барои намози ҷамоат ҳозир намешаванд, то хонаҳояшонро бо оташ бисӯзонам."
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Мо бо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар масҷид нишаста будем ва марде савори шутур ба масҷид даромада шутури худро дар ҷое баст ва рӯй ба мардум овард ва гуфт: кадоме аз шумо Муҳаммад аст? Паёмбар, ки онҷо такя зада нишаста буд, гуфтем: ин марди сафедпуст, ки инҷо такя задааст Муҳаммад аст. Мард гуфт: Эй писари Абдулмутталиб! Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Шуморо мешунавам". Мард ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: ман аз ту мепурсам ва дар пурсишҳоям сахтгир ҳастам ва аз ман малол набошед. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Дар ҳар маврид, ки мехоҳӣ бипурс". Гуфт: аз барои Худо ва Худои гузаштагони худ бигӯ, ки оё ту фиристодаи Худованд ба тамоми мардумон ҳастӣ? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки дар як шабонарӯз панҷ вақт намоз бихонем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, ки оё Аллоҳ туро амр намудааст, ки ин моҳ (моҳи рамазонро)-ро рӯза бигирем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, ки оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки ин садақаро аз сарватмандони худ гирифта ба фақиронамон тақсим кунем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба ончи ту овардаи имон овардам ва ман намояндаи қавми худ ҳастам, ман Зимом ибни Саълаба, бародари банӣ Саъд ибни Бакр ҳастам.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи