Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

4 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

Ҳар он чиро, ки аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мешунидам, менавистам, мехостам онро ҳифз кунам. Аммо Қурайш манро аз ин кор манъ карданд ва гуфтанд: Оё ҳар чизеро, ки аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мешунавӣ, менависӣ, дар ҳоле ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) башар аст, ки дар хашм ва хушнудӣ сухан мегӯяд? Пас, даст аз навиштан бардоштам ва онро ба Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бозгӯ кардам. Он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ангушташон ба даҳонашон ишора карданд ва гуфтанд: "Бинавис, савганд ба зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, аз ин ҷуз ҳақиқат чизе намебарояд."
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд
"Ҳамаи уммати ман вориди биҳишт мешаванд, магар касе саркашӣ кунад". Гуфтанд: Эй Расули Худо чи касе саркашӣ мекунад? Гуфт: "Ҳар касе аз ман итоат кунад, вориди биҳишт мешавад ва ҳар касе нофармонӣ кунад саркашӣ кардааст".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
Бар Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар синни чилсолагӣ ваҳй нозил шуд, сездаҳ сол дар Макка монданд, сипас амр ба ҳиҷрат шуд ва ба Мадина ҳиҷрат фармуд ва ба муддати даҳ сол онҷо истиқомат намуда дар онҷо вафот намуданд.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Мо бо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар масҷид нишаста будем ва марде савори шутур ба масҷид даромада шутури худро дар ҷое баст ва рӯй ба мардум овард ва гуфт: кадоме аз шумо Муҳаммад аст? Паёмбар, ки онҷо такя зада нишаста буд, гуфтем: ин марди сафедпуст, ки инҷо такя задааст Муҳаммад аст. Мард гуфт: Эй писари Абдулмутталиб! Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Шуморо мешунавам". Мард ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: ман аз ту мепурсам ва дар пурсишҳоям сахтгир ҳастам ва аз ман малол набошед. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Дар ҳар маврид, ки мехоҳӣ бипурс". Гуфт: аз барои Худо ва Худои гузаштагони худ бигӯ, ки оё ту фиристодаи Худованд ба тамоми мардумон ҳастӣ? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки дар як шабонарӯз панҷ вақт намоз бихонем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, ки оё Аллоҳ туро амр намудааст, ки ин моҳ (моҳи рамазонро)-ро рӯза бигирем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, ки оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки ин садақаро аз сарватмандони худ гирифта ба фақиронамон тақсим кунем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба ончи ту овардаи имон овардам ва ман намояндаи қавми худ ҳастам, ман Зимом ибни Саълаба, бародари банӣ Саъд ибни Бакр ҳастам.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи