Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

3 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

Анас ибни Молик ба мо гуфт: марде аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсид, ки эй Паёмбари Аллоҳ! Кофир чигуна бар рӯяш ҳашр мешавад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Оё касе, ки дар дунё ӯро бо ду пой роҳ рафтан водоштааст, қодир нест рӯзи қиёмат ӯро он гуна водорад, ки бар рӯи чеҳраи худ роҳ равад"? Қатода гуфт: Оре, ба иззат ва ҷалоли Парвардигорамон.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар маркабе савор ва Муъоз пушти ӯ нишаста буд, гуфт: "Эй Муъоз ибни Ҷабал" Гуфт: бале эй Расули Худо дар хидматат ҳастам. Гуфт: "Эй Муъоз" Муъоз гуфт: бале эй расули Худо дар хидматат ҳастам ва инро се маротиба такрор намуданд. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Касе содиқона ва аз қалб гувоҳӣ диҳад, ки нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст, Худованд оташи дӯзахро бар ӯ ҳаром мегардонад". Муъоз гуфт: оё ин муждаро ба мардум бирасонам? Паёмбари Худо фармуд:" онҳо дигар бар ин такя мекунанд". Муъоз ин ҳадисро ҳангоми вафот аз тарси мабодо инки (барои пинҳон кардани илм) гунаҳгор шавад, гуфтааст.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) намози бомдодро зери осмони абрӣ бароямон гузошт ва пас аз поёни намоз рӯй ба мо овард ва гуфт: "Оё медонед Парвардигоратон чи мегӯяд?" Гуфтанд: Худованд ва расулаш донотаранд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Парвардигоратон мегӯяд: баъзе аз бандагонам ба Ман имон оварданд ва баъзеи дигар кофир шуданд, Аммо ҳар касе гуфт: ба фазлу раҳмати Худованд бароямон борон борид, ӯ бар Ман имон овардааст ва бар ситора кофир шудааст. Аммо касе бигӯяд ба сабаби ин ва ё он ситора бароямон борон борид, пас ӯ бар Ман кофир ва бар ситорагон имон овардааст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи