Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

20 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ишора ба матлабе кард ва фармуд:" Он ҳангоми аз байн рафтани илм аст". Гуфтам: Эй расули Худо! Чигуна илм аз байн меравад, дар ҳоле ки мо Қуръонро мехонем ва онро ба фарзандони худ меомӯзонем ва фарзандони мо низ ба фарзандони худ меомӯзонанд ва ҳамин гуна то рӯзи қиёмат идома хоҳад ёфт? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Эй Зиёд! Модарат дар азоят бинишинад, туро аз фақеҳтарин мардони Мадина фикр мекардам, оё намебинӣ, ки яҳудиён ва насрониён Таврот ва Инҷилро мехонанд ва ба ҳеҷ яке аз фармудаҳои он амал намекунанд?".
Саҳеҳ лиғайриҳи Ривояти ибни Моҷаҳ
"Ҳаргоҳ садои муаззинро шунидед, монанди он чи мегӯядро бигӯед, сипас бар ман дуруд бифиристед, зеро ҳар ки бар ман як дуруд бифиристад, Аллоҳ бар ӯ даҳ бор дуруд хоҳад фиристод. Сипас аз Аллоҳ барои ман "васила"-ро бихоҳед, зеро он манзилате аст дар биҳишт, ки танҳо шоистаи яке аз бандагони Аллоҳ аст ва умедворам он ман бошам. Пас ҳар ки барои ман "васила"-ро бихоҳад, шафоат баҳраи ӯ хоҳад шуд."
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Паҳноӣ ҳавзи ман ба андозаи як моҳ роҳ рафтан аст, обаш сафедтар аз шир ва бӯяш хушбӯтар аз миск аст, кӯзаҳои он монанди ситорагони осмон ҳастанд, касе аз он бинӯшад дигар ҳаргиз ташна намешавад"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки ростгӯ ва тасдиқшуда аст барои мо фармуд: "Офариниши ҳар кадоми шумо дар шиками модараш дар чиҳил рӯз ба таври оби манӣ воқеъ мегардад, пасон ба монанди ҳамон (миқдор) хуни баста мегардад, боз монанди ҳамон (миқдор) порчаи гӯште мегардад. Сипас малоикае ба сӯйи ӯ фиристода мешавад ва рӯҳро дар он медамад, пас он (малоика) ба чаҳор чиз амр карда мешавад: ба навиштани ризқи он (шахс), муддати зиндагонии он (шахс), амали он (шахс) ва бадбахтӣ ё хушбахтии он (шахс). Қасам бар Худое, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест, ба дурустӣ, яке аз шумо ҳатман амали аҳли биҳиштро анҷом медиҳад, то байни ӯ ва байни биҳишт (масофаи) як оринҷ намемонад, вале тақдираш бар вай сабқат карда, амали аҳли дӯзахро анҷом медиҳад ва дар он дохил мешавад. Ба дурустӣ, яке аз шумо ҳатман амали аҳли дӯзахро анҷом медиҳад, то байни ӯ ва байни дӯзах (масофае) намемонад, вале тақдираш бар вай сабқат карда амали аҳли биҳиштро анҷом медиҳад ва дар он дохил мешавад".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим