Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

11 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

"Барои ҳар як пайванди устухони инсон садақа лозим аст. Ҳар рӯзе, ки дар он офтоб тулуъ мекунад, агар миёни ду нафар оштӣ биандозӣ (адолат кунӣ), садақа аст; ва чун ба марде барои савор шудан ба ҳайвони савориаш ёрӣ расонӣ ё бар он ҳайвон бору бандашро бор кунӣ ё бардорӣ, садақа аст; ва сухани хуш садақа аст; ва ҳар як қадаме, ки барои рафтан ба намоз мегузорӣ, садақа аст; ва чун чизи озордиҳандаро аз сари роҳ бартараф кунӣ, садақа аст".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим
Мо бо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар масҷид нишаста будем ва марде савори шутур ба масҷид даромада шутури худро дар ҷое баст ва рӯй ба мардум овард ва гуфт: кадоме аз шумо Муҳаммад аст? Паёмбар, ки онҷо такя зада нишаста буд, гуфтем: ин марди сафедпуст, ки инҷо такя задааст Муҳаммад аст. Мард гуфт: Эй писари Абдулмутталиб! Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Шуморо мешунавам". Мард ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: ман аз ту мепурсам ва дар пурсишҳоям сахтгир ҳастам ва аз ман малол набошед. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Дар ҳар маврид, ки мехоҳӣ бипурс". Гуфт: аз барои Худо ва Худои гузаштагони худ бигӯ, ки оё ту фиристодаи Худованд ба тамоми мардумон ҳастӣ? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки дар як шабонарӯз панҷ вақт намоз бихонем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, ки оё Аллоҳ туро амр намудааст, ки ин моҳ (моҳи рамазонро)-ро рӯза бигирем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, ки оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки ин садақаро аз сарватмандони худ гирифта ба фақиронамон тақсим кунем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба ончи ту овардаи имон овардам ва ман намояндаи қавми худ ҳастам, ман Зимом ибни Саълаба, бародари банӣ Саъд ибни Бакр ҳастам.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳар касе аз итоат (и ҳоким) хориҷ шуд ва худро аз ҷамоат (и мусалмонон) ҷудо сохт ва (дар ин ҳолат) вафот кард, марги ӯ марги ҷоҳилӣ аст. Ва ҳар касе таҳти парчами маҷҳуле ҷанг мекунад ё барои таъассуби гурӯҳе хашмгин мешавад, ё ин ки ба сӯи гурӯҳе даъват мекунад, ё аз гурӯҳе пуштибонӣ мекунад ва дар чунин ҳолат кушта шавад, кушта шуданаш ҷоҳилӣ аст (дар роҳи ҷоҳилият мурда аст). Ва ҳар касе бар умматам қиём кунад ва некукору бадкорро бизанад ва байни муъминон (некукор ва бадкор) истисно қоил нашавад ва ба соҳиби аҳду паймон вафо накунад, ӯ аз ман нест ва ман аз ӯ нестам."
Саҳеҳ Ривояти Муслим