Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

37 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Бар қабрҳо нанишинед ва ба сӯи онҳо намоз нагузоред".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Худои Таъоло фармудааст: "Ҳар ки бо дӯсте аз дӯстони Ман душманӣ намояд, Ман бар (зидди) вай ҷанг эълон менамоям. Бандаи Манро ҳеҷ чизе барои наздикӣ ҷустан ба сӯйи Ман сазовортар аз (иҷрои) он чи ки бар вай фарз гардондаам, нест. Ва бандаи Ман ҳамеша ба воситаи анҷом додани ибодатҳои нофила ба Ман наздиктар мешавад, то Ман ӯро дӯст мегирам, вақте ки Ман вайро дӯст доштам, он гоҳ (нигаҳдорандаи) гӯши ӯ хоҳам шуд, ки ба воситаи он вай хоҳад шунид; ва (нигаҳдорандаи) чашми ӯ, ки ба воситаи он вай хоҳад дид; ва (нигаҳдорандаи) дасти ӯ, ки ба воситаи он вай сахт хоҳад гирифт; ва (нигаҳдорандаи) пойи ӯ, ки ба воситаи он вай ҳаракат хоҳад кард. Ва агар ӯ аз Ман чизе талаб кунад, Ман бетаъхир ба ӯ инро мебахшам, агар ӯ ба паноҳи Ман шитобад, Ман, албатта, ӯро дар паноҳи Худ мегирам!".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
Ҳангоме ки (малакулмавт ва ҳолоти вафот) бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шуд, хамисае (порчаи матоъе) бар чеҳраи худ меандохт ва ҳангоме ки нафасашон танг мешуд онро аз чеҳрааш бардошта ва дар ҳамин ҳол мегуфт: "Лаънати Аллоҳ бар яҳудиён ва насрониён, (ки) қабрҳои паёмбаронашонро ибодатгоҳ қарор доданд". Ва нисбат ба коре, ки анҷом додаанд ҳушдор медоданд.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Пушти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар маркабе ки Уфайр ном дошт, нишаста будам. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтанд: "Эй Муъоз оё медони ҳаққи Худованд бар бандагонаш ва ҳаққи бандагонаш бар Худованд чист? Гуфтам: Худованд ва Паёмбараш хубтар медонанд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳаққи Худованд бар бандагонаш он аст, ки Ӯро ибодат кунанд ва чизеро шарики Ӯ қарор надиҳанд, ва ҳаққи бандагон бар Худованд он аст, ки Ӯ Таъоло онҳоро дар ҳоле,ки ба Ӯ таъоло шарик қоил нашудаанд азоб надиҳад". Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) мегӯяд: гуфтам эй Расули худо! Оё мардумро мужда надиҳам? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Башорат надеҳ, ки онҳо ба ин такя (ва танбалӣ) мекунанд".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) намози бомдодро зери осмони абрӣ бароямон гузошт ва пас аз поёни намоз рӯй ба мо овард ва гуфт: "Оё медонед Парвардигоратон чи мегӯяд?" Гуфтанд: Худованд ва расулаш донотаранд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Парвардигоратон мегӯяд: баъзе аз бандагонам ба Ман имон оварданд ва баъзеи дигар кофир шуданд, Аммо ҳар касе гуфт: ба фазлу раҳмати Худованд бароямон борон борид, ӯ бар Ман имон овардааст ва бар ситора кофир шудааст. Аммо касе бигӯяд ба сабаби ин ва ё он ситора бароямон борон борид, пас ӯ бар Ман кофир ва бар ситорагон имон овардааст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳар касе "Ло илоҳа иллаллоҳ" гӯяд ва ончи ғайр аз Аллоҳ парастиш мешавад инкор кунад, мол ва хунаш ҳаром мешавад ва (боқӣ) ҳисобаш назди Аллоҳ аст".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
ба Паёмбари Худо гуфтанд: эй Паёмбари Худо аз ҳама хушбахттар ба шафоати ту дар рӯзи қиёмат кист? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Эй Абуҳурайра аз сабаби аз ҳама бештар аҳамият доданат бар аҳодиси ман, гумон доштам касе пеш аз ту дар ин маврид намепурсад. Хушбахттарини мардум дар рӯзи қиёмат ба шафоати ман касе аст, ки аз самими қалб ва ҷон "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
Алӣ ибни Абӯтолиб ба ман гуфт: Оё туро ба коре нафиристам, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) маро барои анҷоми он фиристода буд? Инки ҳеҷ муҷассамаеро боқӣ нагузорӣ ва ҳар қабри баландро дидӣ онро ҳамвор созӣ.
Саҳеҳ Ривояти Муслим