Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

30 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

"Аллоҳ Таборак ва Таъоло фармудааст: Ман аз ширк бениёзтарин ҳастам, ҳар кӣ амалеро анҷом диҳад, ки касеро бо Ман дар он шарик месозад, ӯ ва ширкашро ба ҳоли худаш мегузорам".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Худованд ба сурат ва моли шумо нигоҳ намекунад, балки ба дилҳо ва амалҳои шумо менигарад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар маркабе савор ва Муъоз пушти ӯ нишаста буд, гуфт: "Эй Муъоз ибни Ҷабал" Гуфт: бале эй Расули Худо дар хидматат ҳастам. Гуфт: "Эй Муъоз" Муъоз гуфт: бале эй расули Худо дар хидматат ҳастам ва инро се маротиба такрор намуданд. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Касе содиқона ва аз қалб гувоҳӣ диҳад, ки нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст, Худованд оташи дӯзахро бар ӯ ҳаром мегардонад". Муъоз гуфт: оё ин муждаро ба мардум бирасонам? Паёмбари Худо фармуд:" онҳо дигар бар ин такя мекунанд". Муъоз ин ҳадисро ҳангоми вафот аз тарси мабодо инки (барои пинҳон кардани илм) гунаҳгор шавад, гуфтааст.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Бархе аз мардум аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи фолбинон пурсиданд ва Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Онҳо чизе нестанд". Гуфтанд: эй Расули Худо! Гоҳо онон чизе мегӯянд, ки он рух медиҳад. Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Он як калимаи ҳақ аст, ки ҷин онро медуздад ва монанди қуд-қуди мурғ дар гӯши валии худ қарор медиҳад, сипас онҳо сад дурӯғи дигар дар атрофи он меафзоянд".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Бар қабрҳо нанишинед ва ба сӯи онҳо намоз нагузоред".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Ҳангоме ки (малакулмавт ва ҳолоти вафот) бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шуд, хамисае (порчаи матоъе) бар чеҳраи худ меандохт ва ҳангоме ки нафасашон танг мешуд онро аз чеҳрааш бардошта ва дар ҳамин ҳол мегуфт: "Лаънати Аллоҳ бар яҳудиён ва насрониён, (ки) қабрҳои паёмбаронашонро ибодатгоҳ қарор доданд". Ва нисбат ба коре, ки анҷом додаанд ҳушдор медоданд.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Пушти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар маркабе ки Уфайр ном дошт, нишаста будам. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтанд: "Эй Муъоз оё медони ҳаққи Худованд бар бандагонаш ва ҳаққи бандагонаш бар Худованд чист? Гуфтам: Худованд ва Паёмбараш хубтар медонанд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳаққи Худованд бар бандагонаш он аст, ки Ӯро ибодат кунанд ва чизеро шарики Ӯ қарор надиҳанд, ва ҳаққи бандагон бар Худованд он аст, ки Ӯ Таъоло онҳоро дар ҳоле,ки ба Ӯ таъоло шарик қоил нашудаанд азоб надиҳад". Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) мегӯяд: гуфтам эй Расули худо! Оё мардумро мужда надиҳам? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Башорат надеҳ, ки онҳо ба ин такя (ва танбалӣ) мекунанд".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) намози бомдодро зери осмони абрӣ бароямон гузошт ва пас аз поёни намоз рӯй ба мо овард ва гуфт: "Оё медонед Парвардигоратон чи мегӯяд?" Гуфтанд: Худованд ва расулаш донотаранд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Парвардигоратон мегӯяд: баъзе аз бандагонам ба Ман имон оварданд ва баъзеи дигар кофир шуданд, Аммо ҳар касе гуфт: ба фазлу раҳмати Худованд бароямон борон борид, ӯ бар Ман имон овардааст ва бар ситора кофир шудааст. Аммо касе бигӯяд ба сабаби ин ва ё он ситора бароямон борон борид, пас ӯ бар Ман кофир ва бар ситорагон имон овардааст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи