Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

3 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мегуфт: Худованд фармудааст: "Эй фарзанди одам! Ҳаргоҳ манро мехонию ба ман умед дорӣ, туро бар он чи ки буд (ба хотири амалҳоят) меомурзам ва аз ту парвое надорам. Эй фарзанди одам! Агар гуноҳони ту ба абрҳои осмон бирасад ва онгоҳ аз ман талаби омурзиш кунӣ, туро меомурзам ва гуноҳони туро хоҳам бахшид ва парвое надорам. Эй фарзанди одам! Агар ба сӯи ман биоӣ дар ҳоле, ки ба пурии замин гуноҳ ва хато дорӣ, вале ба ман ширк наоварӣ, ман бо замини пур аз мағфират ва бахшиш ба сӯи ту меоям".
Ҳасан Ривояти Тирмизӣ
"Касоне, ки меҳрубон ҳастанд, Аллоҳи Раҳмон ба онон раҳм хоҳад кард. Бар аҳли замин раҳм кунед, Он ки дар осмон аст ба шумо раҳм мекунад."
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ ва Аҳмад
"Эй ҷавон! ба дурустӣ ки ман туро якчанд панде биомӯзам: (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад; (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Ӯро дар рӯ ба рӯят биёбӣ. Ҳар гоҳ чизе талаб кунӣ, аз Худо талаб кун, ҳар гоҳ ёрӣ биҷӯӣ аз Худо ёрӣ биҷӯ. Ва бидон, ки агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд, то туро ба чизе ёрӣ расонанд, ёрӣ расонида наметавонанд, магар ба он чизе, ки Худо бар ту навиштааст; ва агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд, то ба ту зарар расонанд, зараре расонида наметавонанд, магар ба он чизе, ки Худо бар ту навиштааст, қаламҳо бардошта шудаанд ва номаҳо хушк шудаанд".
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ ва дигарон