Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

5 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

"Шайтон назди яке аз шумо меояд ва мегӯяд: инро кӣ офарид? онро кӣ офарид? Ҳатто дар ниҳоят мепурсад: Парвардигори туро кӣ офарид? Чун агар яке аз шуморо чунин пурсише пеш ояд, ба Худо паноҳ бибарад ва аз идома додан ба чунин пурсише даст бикашад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар ҳақиқат Аллоҳ Таъоло фармуд: Ҳар ки бо дӯсте аз дӯстони ман душманӣ варзад, ман бо ӯ ҷанг эълон кардаам. Ва бандаам бо чизе ба ман наздик нашудааст, ки барои ман маҳбубтар аз он чи бар ӯ фарз кардаам, бошад. Ва бандаам ҳамвора бо нафлҳо ба ман наздики меҷӯяд, то ин ки дӯсташ бидорам ва чун дӯсташ доштам, ман гӯши ӯ мешавам, ки бо он мешунавад ва чашми ӯ мешавам, ки бо он мебинад ва дасти ӯ мешавам, ки бо он мегирад ва пойи ӯ мешавам, ки бо он роҳ меравад. Ва агар аз ман бихоҳад, қатъан, ба ӯ ато хоҳам кард ва агар аз ман паноҳ бихоҳад, ӯро паноҳ хоҳам дод. Ва дар ҳеҷ коре, ки анҷомаш медиҳам, ба андозаи гирифтани ҷони муъмин тараддуд накардаам, ӯ маргро намеписандад ва ман ҳам озори ӯро намеписандам".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
"Худои Таъоло фармудааст: "Ҳар ки бо дӯсте аз дӯстони Ман душманӣ намояд, Ман бар (зидди) вай ҷанг эълон менамоям. Бандаи Манро ҳеҷ чизе барои наздикӣ ҷустан ба сӯйи Ман сазовортар аз (иҷрои) он чи ки бар вай фарз гардондаам, нест. Ва бандаи Ман ҳамеша ба воситаи анҷом додани ибодатҳои нофила ба Ман наздиктар мешавад, то Ман ӯро дӯст мегирам, вақте ки Ман вайро дӯст доштам, он гоҳ (нигаҳдорандаи) гӯши ӯ хоҳам шуд, ки ба воситаи он вай хоҳад шунид; ва (нигаҳдорандаи) чашми ӯ, ки ба воситаи он вай хоҳад дид; ва (нигаҳдорандаи) дасти ӯ, ки ба воситаи он вай сахт хоҳад гирифт; ва (нигаҳдорандаи) пойи ӯ, ки ба воситаи он вай ҳаракат хоҳад кард. Ва агар ӯ аз Ман чизе талаб кунад, Ман бетаъхир ба ӯ инро мебахшам, агар ӯ ба паноҳи Ман шитобад, Ман, албатта, ӯро дар паноҳи Худ мегирам!".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
ба Паёмбари Худо гуфтанд: эй Паёмбари Худо аз ҳама хушбахттар ба шафоати ту дар рӯзи қиёмат кист? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Эй Абуҳурайра аз сабаби аз ҳама бештар аҳамият доданат бар аҳодиси ман, гумон доштам касе пеш аз ту дар ин маврид намепурсад. Хушбахттарини мардум дар рӯзи қиёмат ба шафоати ман касе аст, ки аз самими қалб ва ҷон "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
"Худованди Мутаъол ҳар шаб, дар сеяки охири он, ба осмони дунё фурӯд меояд ва мефармояд: "Чӣ касе Маро мехонад то ӯро иҷобат кунам? Кӣ аз Ман талаб мекунад то ба ӯ ато кунам? Чӣ касе аз Ман омӯрзиш мехоҳад то ӯро биёмурзам?"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи