Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

2 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

Ҳар он чиро, ки аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мешунидам, менавистам, мехостам онро ҳифз кунам. Аммо Қурайш манро аз ин кор манъ карданд ва гуфтанд: Оё ҳар чизеро, ки аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мешунавӣ, менависӣ, дар ҳоле ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) башар аст, ки дар хашм ва хушнудӣ сухан мегӯяд? Пас, даст аз навиштан бардоштам ва онро ба Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бозгӯ кардам. Он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ангушташон ба даҳонашон ишора карданд ва гуфтанд: "Бинавис, савганд ба зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, аз ин ҷуз ҳақиқат чизе намебарояд."
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд
"Аз ман ба дигарон, агарчи як оят ҳам бошад, бирасонед. Эроде барои шумо нест агар дар мавриди Бани Исроил нақл ва сухан мегӯед, ва ҳар касе қасдан бар ман дурӯғ бандад, ҷойгоҳи худро дар дӯзах омода созад".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ