Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

2 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

Рӯзе Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар миёни мо бархост ва ба мо мавъизае кард, ки дилҳоямонро ба ларза овард ва чашмонамонро ашколуд сохт. Пас гуфта шуд: Эй Расули Аллоҳ! моро мавъизае гуфтӣ мисли мавъизаи видоъкунанда буд, пас моро тавсияе бикун. Фармуданд: "Шуморо ба тақвои Аллоҳ ва гӯш супурдан ва итоат кардан амр мекунам, ҳатто агар (амиратон) бардаи ҳабашӣ бошад. Баъд аз ман ихтилофи шадиде хоҳед дид, пас ба суннати ман ва суннати халифаҳои рошидини ҳидоятёфта чанг бизанед, инро бо дандонҳои курсиятон бигиред ва аз корҳои навпайдо барҳазар бошед, зеро ҳар чизи навпайдо (дар дин) гумроҳӣ аст".
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Огоҳ бошед, ки чи басо ҳадиси ман ба марде бирасад ва ӯ дар ҳоле ки бар тахту такягоҳи худ такя задааст бигӯяд: миёни ману шумо китоби Аллоҳ аст, пас ҳарчиро Қуръон ҳалол гуфтааст ҳалол ва ҳарчиро ҳаром гуфтааст ҳаром медонем, ҳоло онки он чиро Расули Худо ҳаром гуфтааст, ҳамон аст, ки Аллоҳ онро ҳаром гардонида аст".
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ ва Ибни Моҷаҳ