Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

74 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Забонатро ҳамеша бо зикри Аллоҳ тар нигаҳдор".
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Барои як мусалмон ҷоиз нест бештар аз се рӯз бо бародари мусулмонаш қаҳрӣ бимонад, вақте бо ҳам вомехуранд аз ҳамдигар рӯй мегардонанд ва беҳтарини онҳо ҳамон аст, ки бо салом гуфтан оғоз мекунад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: ман маркабамро аз даст додаам, ба ман маркабе бидеҳ! Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Надорам", марде гуфт: эй Расули Аллоҳ ман ӯро назди касе мебарам, ки ӯро маркаб медиҳад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Касе ба амали хайр далолат кунад, подоше ҳаммонанди анҷомдиҳандаи онро хоҳад дошт"
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Нафратовартарин мардум назди Аллоҳ, кинатузтарини хусуматгаронанд"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
" Мурдагонро носазо нагӯед, зеро онҳо ба сазои аъмолашон расидаанд".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
"Эй Абумунзир, оё медонӣ кадом ояте аз китоби Аллоҳ, ки фаро гирифтаи, бузургтар аст?" Абумунзир мегӯяд: гуфтам: Аллоҳ ва расулаш донотаранд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Эй Абумунзир, оё медонӣ кадом оят аз китоби Аллоҳ, ки ту фаро гирифтаи бузургтар аст?" Мегӯяд: гуфтам: (Аллоҳу ло илоҳа илло ҳува -алҳайю-алқайюм (Бақара: 255). Паёмбари Худо бар қафаси синаам зад ва гуфт: "Худованд илматро бештар гардонад эй Абумунзир"
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) на баддаҳон буд ва на дашномгӯ ва ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мегуфт: "Ҳамоно беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки некӯтарин ахлоқро доранд".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз Парвардигораш овардааст, ки Ӯ Таъоло мефармояд: "Банда гуноҳ мекунад ва сипас мегӯяд: Парвардигоро! гуноҳони маро биёмурз, Аллоҳ Таборак ва Таъоло мегӯяд: бандаам гуноҳ кард ва донист, ки Парвардигоре дорад, ки бахшандаи гуноҳон аст ва Ӯ Таъоло барои гуноҳ муҷозот низ мекунад, банда дубора муртакиби гуноҳ шуд ва гуфт: Парвардигоро гуноҳамро биёмӯрз. Пас Аллоҳ Таборак ва Таъоло фармуд: бандаам гуноҳе кард ва донист, ки Парвардигоре дорад, ки гуноҳро мебахшад ва барои гуноҳ муҷозот низ мекунад, банда боз муртакиби гуноҳ шуд ва гуфт: Парвардигоро гуноҳамро биёмӯрз. Аллоҳ Таборак ва Таъоло мефармояд: бандаам гуноҳ кард ва донист, ки Парвардигоре дорад, ки гуноҳро мебахшад ва барои гуноҳ муҷозот низ мекунад, ҳарчи мехоҳӣ бикун, ки ман туро бахшидам".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи