Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

7 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Аз (ҷумлаи) зебоии исломи шахс он аст, ки он чиро бар вай фоида надорад, тарк намояд".
Нававӣ гуфт: Ҳадиси ҳасан аст Ривояти Тирмизӣ ва дигарон
"Амалҳо шаш (даста) ҳастанд, ва мардум чаҳор (даста) ва сипас ду воҷиб аст, мисл ба мисл аст ва як ҳасана (некӣ) баробар аст ба даҳ ҳасанаи ҳаммислаш, як ҳасана баробар аст ба ҳафтсад ҳасана. Аммо ду воҷиб: (1) Ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худо шарик қоил нашуда бошад, ба биҳишт ворид мешавад. (2) Ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худо шарик қоил шуда бошад, пас ба дӯзах ворид мешавад. Мисл ба мисл ин аст, ки: ҳар касе нияти анҷоми кори неке дар дил дошта бошад ва Худованд аз розаш огаҳ бошад барояш як ҳасана навишта мешавад, ва ҳар касе кори баде анҷом диҳад, бар ӯ як бадӣ навишта мешавад. Ҳар касе ҳасанае (некӣ) анҷом диҳад барояш даҳ баробар навишта мешавад. Ҳар касе чизе дар роҳи Худо нафақа кунад, як ҳасанаи ӯ ба ҳафтсад баробар навишта мешавад. Аммо инки мардум чаҳор (даста)-анд: (1) Бархе дар дунё барояшон фаровонӣ ва дар охират маҳдудият хоҳад буд. (2) Бархе дар дунё барояшон маҳдудият ва дар охират барояшон фаровонӣ фароҳам хоҳад буд. (3) Бархе дар дунё ва охират дучори тангдастӣ ва маҳдудият ҳастанд. (4) Ва бархе дигар дар дунё ва охират аз фаровонӣ бархурдор ҳастанд".
Ҳасан Ривояти Аҳмад
Яке аз саҳобагони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки моро Қуръон таълим медод, гуфт, ки онҳо даҳ оятро аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) меомӯхтанд ва пас аз худ кардани маъно ва мафоҳим ва амал кардан ба он, сипас ба фарогирии даҳ ояти дигар мепардохтанд. Мегӯянд: илм ва амал карданро (бо ҳам) меомӯхтем.
Ҳасан Ривояти Аҳмад
"Комилтарин мӯъминон аз нигоҳи имон касоне ҳастанд, ки хушахлоқтарин ҳастанд, ва беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки беҳтарин барои занонашон ҳастанд".
Ҳасан Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ ва Аҳмад
"Ҳар ҷое бошӣ, аз Худо битарс ва пас аз ҳар бадӣ хубие анҷом деҳ, то он (бадӣ)-ро маҳв кунад ва бо ахлоқи нек бо мардум рафтор кун!"
Тирмизӣ гуфт: Ҳадиси ҳасан аст. Ривояти Тирмизӣ
"Хонаҳои худро монанди қабристон насозед, қабри маро ҷашнгоҳ қарор надиҳед, бар ман дуруд бифиристед, зеро дуруди шумо ҳар ҷое бошед ба ман мерасад".
Ҳасан Ривояти Абудовуд
"Назди Аллоҳ Таъоло чизе гиромитар аз дуо нест".
Ҳасан Ривояти Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад