Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

76 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Ровӣ

Намоиши ҳамаи ровиён (46)
"Покизагӣ нисфи имон аст. (Савоби лафзи) "алҳамдулиллоҳ" мизон(-и некӣ)-ро пур мекунад. (Савоби лафзи) "субҳоналлоҳ ва алҳамдулиллоҳ" он чи байни замину осмонҳост, пур мекунад. Намоз рӯшноӣ аст. Садақа бурҳон(-и имондорӣ) аст. Сабру шикебоӣ равшанӣ(-и имон) аст. Қуръон барои ту ё бар зидди ту ҳуҷҷат аст. Мардумон бомдодон саъйу талош мекунанд, пас касе (бо анҷом додани корҳои нек) ҷонашро (ба Худо) фурӯхта, пас (худро аз азоб) раҳо мекунад ва каси дигаре (бо анҷом додани корҳои зишт) ҷонашро (ба шайтон ва ҳавову ҳаваси худ) фурӯхта, пас (худро) ба ҳалокат мувоҷеҳ месозад"
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Агар (мол танҳо) бо даъво кардан ба мардум дода мешуд, он гоҳ мардон молу хуни қавмро даъво мекарданд, лекин ба даъвогар гувоҳ овардан ва ба он ки мункир мешавад, қасам ёд кардан (лозим) аст".
Ҳасан Байҳақӣ ва дигарон онро ҳамчунин ривоят кардаанд ва баъзе аҷзои ин ҳадис дар "Саҳеҳайн" омадааст.
"Ҳар мусалмон уҳдадор аст, ки дар ҳафт рӯз як бор ғусл кунад ва дар он сару бадани худро бишӯяд."
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Аллоҳи Мутаъол фармудааст: Эй фарзанди одам! инфоқ кун, то Ман низ бар ту инфоқ кунам".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Мардоне назди Саҳл ибни Саъди Соъидӣ рафтанд ва дар бораи минбари (Паёмбар), ки чӯбаш аз чӣ аст, баҳс карданд. Ӯ ба онҳо гуфт: Савганд ба Аллоҳ ман медонам, ки аз чист ва ман онро дар аввалин рӯзе, ки ниҳода шуд ва аввалин рӯзе, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар он нишаст, дидам. Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба назди фалон зан - зане аз ансор, ки Саҳл номи ӯро зикр кард - фиристод ва хитоб ба эшон фармуд, ки " Ғуломатро, ки наҷҷор аст амр кун, то барои ман чӯбҳое (минбаре аз чӯб) бисозад, то ҳангоми сухан гуфтан бо мардум бар он бинишинам". Пас, он зан ғуломашро амр кард ва ӯ онро аз дарахтони Тарфаи ғоба (ҷое дар беруни Мадина дар тарафи Шом) сохт ва сипас онро овард. Он зан онро ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фиристод ва эшон низ амр карданд, ки инҷо ниҳода шавад. Сипас Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дидам, ки (барои омӯзиши мардум) бар он (минбар) намоз хонд ва дар ҳоле ки бар он буд, такбир гуфт ва сипас дар ҳоле ки бар он буд, ба рукуъ рафт ва сипас ба пушти сар поин омад ва дар (канори) пояи минбар саҷда кард ва сипас (ба рӯйи он) бозгашт ва вақте ки (намозашро) ба охир расонд, фармуд: "Эй мардум! Барои ин чунин кардам, ки аз ман пайравӣ кунед ва намози манро таълим бигиред."
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Аз Ҳумрон мавлои Усмон ибни Аффон (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки ӯ Усмон ибни Аффонро дид, дархости оби вузӯ кард, сипас аз оби он зарф бар рӯйи дастонаш рехт ва се бор онҳоро шуст, сипас дасти росташро дар даруни оби вузӯ дохил карда мазмаза (обгардон кардани даҳон) ва истиншоқ (дохил кардани об дар бини) ва истинсор (берун овардани об аз бини) кард, сипас рӯяшро се бор шуст ва дастонашро то ориҷ се бор шуст, сипас сарашро масҳ кард ва баъд аз он ҳарду пояшро семаротибаӣ шуст. Сипас фармуд: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дидам, монанди ин таҳорати ман таҳорат карданд ва фармуданд: "Ҳар касе монанди ин таҳорати ман таҳорат кард ва ду ракаъат намоз хонд ва дар онҳо бо худ сухан нагуфт, гуноҳони гузаштааш бахшида хоҳад шуд".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Ибни Зубайр баъд аз ҳар намоз, ҳангоме, ки салом медод ин зикрро мегуфт: "Ло илоҳа иллаллоҳ ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамд, ва Ҳува ъало кулли шайъин қадир, ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ, ло илоҳа иллаллоҳ, ва ло наъбуду илло ийёҳ, лаҳун-неъмату ва лаҳул-фазл ва лаҳус - саноул-ҳасан, ло илоҳа иллаллоҳу мухлисина лаҳуд-дин ва лав кариҳа-л-кофирун" Абдуллоҳ ибни Зубайр мегӯяд: баъд аз ҳар намоз ин зикр вирди забони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) буд.
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Мисвок поккунандаи даҳон ва писандида назди Худованд аст".
Саҳеҳ Ривояти Насоӣ ва Аҳмад