Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

50 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ӯро ба тарафи Яман фиристоданд ва дар бораи баъзе аз нӯшиданиҳое, ки дар он ҷо сохта мешуд, аз эшон пурсиданд, ки чистанд онҳо? Гуфт: ал-Битъ ва ал-Мирз аст. Ва ба Абубурда гуфт: "ал-Битъ чист?" Гуфт: Оби асал ва ал-Мизр оби ҷав. Сипас Фармуданд: "Ҳар чизе, ки мастӣ биёварад, ҳаром аст". Ривояти Бухорӣ.
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим
"Ҳар кӣ моҳи рамазонро аз рӯи имон ва барои дарёфти савоб рӯза бигирад, гуноҳони гузаштаи ӯ бахшида мешавад"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Агар касе аз шумо дар шикамаш чизеро эҳсос кард ва барояш савол пеш омад, ки оё чизе аз ӯ хориҷ шуд ё не? Пас аз масҷид берун нашавад, то ин ки садое шунавад ё бӯе эҳсос кунад."
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Умури фитрат панҷ чиз аст: хатна кардан, тоза кардани мӯйҳои зери ноф, кӯтоҳ кардани мӯйлаб, кӯтоҳ кардани нохун ва кандани мӯйҳои зери бағал."
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Расули Аллоҳ (Худованд аз ӯ розӣ бод) чун аз намоз фориғ мешуд се бор истиғфор намуда сипас мегуфт: "Аллоҳумма Анта Салом ва минка салом, таборакта зул-ҷалоли вал-икром" Валид мегӯяд: аз Авзоъӣ пурсидам: истиғфор чигуна аст? Гуфт: бигу: Астағфируллоҳ, астағфируллоҳ.
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Ӯ дар ҳар намози фарзӣ ва ғайри фарзӣ, дар рамазон ва ғайри рамазон (дар оғози он) такбир мегуфт ва сипас ҳангоми рукуъ такбир мегуфт, сипас мегуфт: (Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ) ва пеш аз ба саҷда рафтан (Раббано ва лакал-ҳамд) мегуфт. Сипас ҳангоми ба саҷда рафтан такбир мегуфт, ва ҳангоми аз саҷда сар бардоштан такбир мегуфт. Сипас ҳангоми ба саҷда рафтан такбир мегуфт ва ҳангоми аз саҷда сар бардоштан такбир мегуфт. Сипас ҳангоми бархостан аз нишаст дар ракаъати дуввум такбир мегуфт ва инро дар ҳар ракаъат анҷом медод, то ин ки намозашро ба поён мерасонд. Сипас баъд аз поёни намоз мегуфт: Савганд ба оне, ки ҷонам дар дасти Ӯст, намози ман монандтар аз намози шумо ба намози Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Ин намози Ӯ то аз дунё рафтанаш буд.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
ӯ назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт: Эй Расули Аллоҳ! Шайтон миёни ман ва намози ман ворид шудааст ва дар хонданам барои ман мушкилӣ эҷод мекунад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:" Он шайтоне аст, ки номаш Хинзаб аст, пас ҳар вақт эҳсосаш кардӣ, аз ӯ ба Аллоҳ паноҳ бибар (Аъузу биллоҳ бигӯ) ва се бор ба тарафи чапат туф бикун". Усмон мегӯяд: Ман ин корро кардам ва Аллоҳ онро аз ман бартараф сохт. (Манзур аз туф кардан, пуф кардан бо андаке аз оби даҳон аст).
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Чун хостед намоз гузоред, сафҳои худро рост кунед, сипас яке аз шумо имом шавад ва чун такбир (Аллоҳу акбар) гӯяд, шумо ҳам такбир (Аллоҳу акбар) гӯед. Ва чун гуфт: (Ғайрил-мағзуби алайҳим ва лаз-золлин) (Фотиҳа, ояти 7) омин бигӯед, то Аллоҳ шуморо иҷобат кунад. Ва чун такбир гуфт ва ба рукуъ рафт, такбир бигӯед ва ба рукуъ равед, зеро имом пеш аз шумо ба рукуъ меравад ва пеш аз шумо аз рукуъ бармехезад". Онгоҳ Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ин дар баробари он. Ва чун (Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ) гуфт, бигӯед: (Аллоҳумма рабано лакал-ҳамд) Аллоҳ садои шуморо мешунавад. Зеро Аллоҳ бар забони Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст: (Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ, Аллоҳ шунид он ки ҳамдашро гуфт). Ва чун такбир гуфт ва ба саҷда рафт, такбир бигӯед ва ба саҷда биравед. Зеро имом пеш аз шумо ба саҷда меравад ва пеш аз шумо аз саҷда бармехезад." Онгоҳ Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Пас ин дар баробари он, ва чун дар нишастани намоз (барои ташаҳҳуд) буд, аввалин сухани шумо ин бошад: Аттаҳиётут-тайиботус-салавоту лиллоҳи. Ассалому ъалайка айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ. Ассалому ъалайно ва ъало ъибодиллоҳи-с-солиҳин. Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу."
Саҳеҳ Ривояти Муслим