Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

5 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

"Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст: Гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ Таъоло нест ва ин ки Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) расул ва фиристодаи Худост, барпо доштани намоз, додани закот, ҳаҷҷи Хона ва рӯзаи Рамазон".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳар масткунандае май аст ва ҳар масткунанда ҳаром аст ва ҳар кас дар дунё май нӯшад ва дар ҳоли гирифтории он бимирад ва тавба накарда бошад, дар охират онро наменӯшад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим ва Бухорӣ охирин ҷумлаи онро овардааст
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз қазаъ (тарошидани як қисме аз мӯи сар ва гузоштани қисмати дигар) наҳй фармуданд.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳамвора Ҷабраил маро дар мавриди ҳамсоя тавсия мекард, то онҷо ки гумон кардам ӯро меросбар хоҳад кард."
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Мӯйлабҳоро кӯтоҳ кунед ва ришҳоро афзоиш диҳед."
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи