Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

2 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

"Бар ҳар мафсале (банди ангушт, даст...) аз мафсалҳои мардум ҳар рӯз садақае лозим аст, Ҳар рӯз, ки офтоб тулуъ мекунад ва (шахс) байни ду нафар адолат барқарор мекунад ва шахсеро дар савор шудан ба маркабаш кумак мекунад ё матоъашро барои ӯ, ки бар маркабаш нишаста аст, мебардорад, барояш садақа аст. Сухани нек садақа аст ва ҳар қадаме, ки ба сӯи намоз бармедорад садақа аст ва ин ки озор ва азиятеро аз роҳ дур мекунад, садақа аст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Барои ҳар як пайванди устухони инсон садақа лозим аст. Ҳар рӯзе, ки дар он офтоб тулуъ мекунад, агар миёни ду нафар оштӣ биандозӣ (адолат кунӣ), садақа аст; ва чун ба марде барои савор шудан ба ҳайвони савориаш ёрӣ расонӣ ё бар он ҳайвон бору бандашро бор кунӣ ё бардорӣ, садақа аст; ва сухани хуш садақа аст; ва ҳар як қадаме, ки барои рафтан ба намоз мегузорӣ, садақа аст; ва чун чизи озордиҳандаро аз сари роҳ бартараф кунӣ, садақа аст".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим