عربي - Arabic English Qafár af - Afar Afrikaans - Afrikanns Akan Shqip - Albanian አማርኛ - Amharic Հայերեն - Armenian অসমীয়া - Assamese Azərbaycanca - Azerbaijani Bamanankan - Bambara Bassa Bemba বাংলা - Bengali Bosanski - Bosnian Български - Bulgarian မြန်မာဘာသာ - Burmese Bisaya - Cebuano Cham Нохчий - Chechen chiCheŵa - Chewa 中文 - Chinese Адыгэбзэ - Circassian Hrvatski - Croatian Česky - Czech Dagbani Dansk - Danish فارسی دری - Dari Dendi ދިވެހި ބަސް - Dhivehi Nederlands - Dutch إستوني - Estonian Suomi - Finnish Français - French Fulfulde - Fula ქართული - Georgian Deutsch - German Ελληνικά - Greek ગુજરાતી - Gujrati Kreyòl ayisyen - Haitian Creole Hausa हिन्दी - Hindi Magyar - Hungarian Igbo Indonesia - Indonesian Italiano - Italian 日本語 - Japanese Jóola - Jola ಕನ್ನಡ - Kannada Қазақша - Kazakh ភាសាខ្មែរ - Khmer Kikuyu Ikinyarwanda - Kinyarwanda Ikirundi - Kirundi 한국어 - Korean كوردی سۆرانی - kurdish كوردي kurmancî - Kurmanji Kyrgyz ລາວ - Lao latviešu - Latvian Lingala lietuvių - Lithuanian Luganda Македонски - Macedonian Maguindanaon Malagasy - Malagasy Bahasa Melayu - Malay മലയാളം - Malayalam Mandinka मराठी - Marathi Mõõré - Moore नेपाली - Nepali أنكو - NKo Norwegian ଓଡ଼ିଆ - Odia oromoo - Oromo پښتو - Pashto فارسی - Persian Polski - Polish Portuguese ਪੰਜਾਬੀ - Punjabi Română - Romanian Русский - Russian Српски - Serbian Shona සිංහල - Sinhala Slovenščina - Slovenian Soomaaliga - Somali Soninke Sesotho - Sotho Español - Spanish Kiswahili - Swahili Svenska - Swedish Tagalog Тоҷикӣ - Tajik தமிழ் - Tamil తెలుగు - Telugu ไทย - Thai ትግረኛ - Tigrinya Türkçe - Turkish Ukrainian اردو - Urdu ئۇيغۇرچە - Uyghur Ўзбек - Uzbek Việt Nam - Vietnamese Wolof Yao Yorùbá - Yoruba Zarma زولو - Zulu
287 Ҳадисҳо
Донишномаи аҳодиси набавӣ
Категорияҳо
Дараҷаи ҳадис
Ривоят шуда дар
Ровӣ
"Бар ҳар мафсале (банди ангушт, даст...) аз мафсалҳои мардум ҳар рӯз садақае лозим аст, Ҳар рӯз, ки офтоб тулуъ мекунад ва (шахс) байни ду нафар адолат барқарор мекунад ва шахсеро дар савор шудан ба маркабаш кумак мекунад ё матоъашро барои ӯ, ки бар маркабаш нишаста аст, мебардорад, барояш садақа аст. Сухани нек садақа аст ва ҳар қадаме, ки ба сӯи намоз бармедорад садақа аст ва ин ки озор ва азиятеро аз роҳ дур мекунад, садақа аст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Барои ҳар як пайванди устухони инсон садақа лозим аст. Ҳар рӯзе, ки дар он офтоб тулуъ мекунад, агар миёни ду нафар оштӣ биандозӣ (адолат кунӣ), садақа аст; ва чун ба марде барои савор шудан ба ҳайвони савориаш ёрӣ расонӣ ё бар он ҳайвон бору бандашро бор кунӣ ё бардорӣ, садақа аст; ва сухани хуш садақа аст; ва ҳар як қадаме, ки барои рафтан ба намоз мегузорӣ, садақа аст; ва чун чизи озордиҳандаро аз сари роҳ бартараф кунӣ, садақа аст".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим
Мо бо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар масҷид нишаста будем ва марде савори шутур ба масҷид даромада шутури худро дар ҷое баст ва рӯй ба мардум овард ва гуфт: кадоме аз шумо Муҳаммад аст? Паёмбар, ки онҷо такя зада нишаста буд, гуфтем: ин марди сафедпуст, ки инҷо такя задааст Муҳаммад аст. Мард гуфт: Эй писари Абдулмутталиб! Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Шуморо мешунавам". Мард ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: ман аз ту мепурсам ва дар пурсишҳоям сахтгир ҳастам ва аз ман малол набошед. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Дар ҳар маврид, ки мехоҳӣ бипурс". Гуфт: аз барои Худо ва Худои гузаштагони худ бигӯ, ки оё ту фиристодаи Худованд ба тамоми мардумон ҳастӣ? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки дар як шабонарӯз панҷ вақт намоз бихонем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, ки оё Аллоҳ туро амр намудааст, ки ин моҳ (моҳи рамазонро)-ро рӯза бигирем?
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, ки оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки ин садақаро аз сарватмандони худ гирифта ба фақиронамон тақсим кунем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба ончи ту овардаи имон овардам ва ман намояндаи қавми худ ҳастам, ман Зимом ибни Саълаба, бародари банӣ Саъд ибни Бакр ҳастам.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи