Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

2 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Вақте Худованд биҳишт ва дузахро офарид, Ҷибраил (Алайҳис-салом) -ро ба биҳишт фиристод ва ба ӯ гуфт: биҳишт ва ончи барои бошандагони он омода кардаам, бубин. Ҷибраил (Алайҳис-салом) биҳиштро дид ва баргашту гуфт: савганд ба иззати Ту ҳар касе сифати онро шунавад шефтаи он мешавад. Сипас Худованд фармуд то атрофи он бо сахтӣ ва душвориҳо печонида шавад. Боз Худованд ба Ҷабраил гуфт: бирав биҳишт ва ончи барои сокинони он омода кардаам, бубин. Ҷибраил (Алайҳис-салом) ба биҳишт назар кард ва дид, ки атрофи он бо сахтиҳо ва мушкилот печонида шудааст, гуфт: ба иззати Ту қасам, аз он метарсам, ки касе ба онҷо дохил нашавад. Худованд гуфт: бирав дӯзах ва ончи барои сокинони он омода кардаам, бубин. Ҷибраил (Алайҳис-салом) ба дӯзах назар кард, дид оташ болои ҳам аланга мезанад, баргашт ва гуфт: ба иззати Ту қасам касе ба он дохил намешавад. Худованд амр фармуд то атрофи он бо шаҳват ва ҳавову ҳавасҳо печонида шавад. (Худованд) гуфт: баргард ва ба он назар кун. Ҷабраил дид дӯзах бо шаҳват ва ҳавову ҳавасҳо печонида шудааст, баргашт ва гуфт: Қасам ба иззати Ту метарсам касе аз он наҷот нахоҳад ёфт".
Ҳасан Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ ва Насоӣ
Аз Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди биҳишт мекунад, пурсида шуд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Тарс аз Аллоҳ ва ахлоқи неку". Ҳамингуна чун аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди дӯзах мекунад, пурсида шуд, фармуданд: "Даҳон ва шармгоҳ (аврат)".
Ҳасан саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад