Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

6 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин оятро тиловат фармуданд: ([Эй паёмбар] Ӯст, ки китоб [-и Қуръон]-ро бар ту нозил кард. Бахше аз он оёти муҳкам [сареҳу равшан] аст, ки онҳо асоси китобанду [бахши] дигар муташобеҳот аст [ки таъвилпазиранд]; аммо касоне, ки дар дилҳояшон инҳироф аст, барои фитнаҷӯӣ [ва гумроҳ кардани мардум] ва ба хотири таъвили он [ба дилхоҳи худ], аз муташобеҳи он пайравӣ мекунанд; ҳол он ки таъвилашро [касе] ҷуз Аллоҳ таоло намедонад; ва росихони дар илм [уламои дин] мегӯянд: "Мо ба ҳамаи он [оёт, чи муҳкаму чи муташобеҳ] имон овардем; ҳама аз тарафи Парвардигори мост"; ва ҷуз хирадмандон касе панд намегирад. (Оли Имрон: 7). Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Агар касеро дидӣ, ки думболи муташобеҳот аст, онҳо ҳамон касоне ҳастанд, ки Худо аз онҳо ном бурдааст, пас аз онон барҳазар бош"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Одамизод ҳеҷ зарферо бадтар аз шикамаш пур накардааст. Барои инсон кофӣ аст чандон бихӯрад, ки зинда бимонад, агар ночор ба хӯрдани бештар аз он шуд, пас, бояд сеяки меъдаи худро барои хӯрданиҳо ва сеяки дуюмро ба нӯшиданиҳо ва сеяки дигарро барои нафас кашидан ихтисос диҳад".
Саҳеҳ Ривояти Имом Аҳмад, Тирмизӣ, Насоӣ ва Ибни Моҷаҳ
" Илмро барои фахрфурӯшӣ бар уламо ва муноқиша кардан бо аблаҳон наомӯзед, ва на инки дар маҷолис болонишин бошед, зеро ҳар касе чунин кунад, ҷояш ҷаҳаннам аст, ҷаҳаннам".
Саҳеҳ Ривояти ибни Моҷаҳ
"Ман пас аз худ барои мардон озмоише зиёновартар аз занон боқӣ нагузоштам"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Касе аз шумо имон намеорад то он даме, ки ҳавову ҳавасашро пайрави он чизе, ки ман овардаам бигардонад".
Нававӣ гуфта: Ҳадиси саҳеҳ аст Ин ҳадисро дар китоби ал-Ҳуҷҷат бо санади саҳеҳ ривоят кардаем.
" Худованд мисоли роҳи рост (Сироти мустақим)-ро ин гуна баён медорад, ки дар ду тарафи он девор аст ва дар он деворҳо дарҳои боз ва бар дарҳо пардаҳо овезон аст. Назди дари "Сирот" касе истодааст, ки мегӯяд: эй мардум! Ҳамагон вориди ин роҳ (-и рост) шавед ва каҷравӣ накунед. Нидокунандаи дигаре бар сари он роҳ аст, ки агар касе бихоҳад яке аз он дарҳоро боз кунад (яъне пардаи онро кушояд), мегӯяд: вой бар ту он дарро боз накун, ки дохили он мешавӣ. Сирот (роҳ) ҳамон Ислом аст ва деворҳо ҳамон ҳудуд, ки Худованд гузоштааст ва дарҳои боз ҳаромкардаҳои Аллоҳ. Нидокунандае ки бар сари роҳ аст, китоби Аллоҳ ва даъваткунандае ки болои роҳ аст панддиҳандае аз ҷониби Аллоҳ дар дили ҳар як мусалмон аст"
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ ва Аҳмад