Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

42 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки ростгӯ ва тасдиқшуда аст барои мо фармуд: "Офариниши ҳар кадоми шумо дар шиками модараш дар чиҳил рӯз ба таври оби манӣ воқеъ мегардад, пасон ба монанди ҳамон (миқдор) хуни баста мегардад, боз монанди ҳамон (миқдор) порчаи гӯште мегардад. Сипас малоикае ба сӯйи ӯ фиристода мешавад ва рӯҳро дар он медамад, пас он (малоика) ба чаҳор чиз амр карда мешавад: ба навиштани ризқи он (шахс), муддати зиндагонии он (шахс), амали он (шахс) ва бадбахтӣ ё хушбахтии он (шахс). Қасам бар Худое, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест, ба дурустӣ, яке аз шумо ҳатман амали аҳли биҳиштро анҷом медиҳад, то байни ӯ ва байни биҳишт (масофаи) як оринҷ намемонад, вале тақдираш бар вай сабқат карда, амали аҳли дӯзахро анҷом медиҳад ва дар он дохил мешавад. Ба дурустӣ, яке аз шумо ҳатман амали аҳли дӯзахро анҷом медиҳад, то байни ӯ ва байни дӯзах (масофае) намемонад, вале тақдираш бар вай сабқат карда амали аҳли биҳиштро анҷом медиҳад ва дар он дохил мешавад".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим
"Ҳалол ошкору равшан аст ва ҳаром ҳам ошкору равшан аст ва дар миёни ҳалол ва ҳаром чизҳои шубҳанок вуҷӯд дорад, ки бисёре аз мардум онҳоро намедонанд, пас ҳар касе аз онҳо бипарҳезад дин ва шарафи худро нигоҳ доштааст, ва ҳар касе дар умури шубҳанок афтад дар ҳаром афтидааст, монанди чӯпоне, ки рамаи худро атрофи ҳарими дигарон мечаронад ва эҳтимоли ворид шудани рама ба ҳарими онон аст. Огоҳ бошед, ки ҳар подшоҳ ҳарими худро дорад ва огоҳ бошед, ки ҳарими Худованд ҳамон ҳаромкардаҳои Ӯ Таъолост. Огоҳ бошед, ки дар бадан гӯштпорае ҳаст, ки агар он дуруст шавад тамоми бадан дуруст мешавад, ва агар он вайрон ша­вад тамоми бадан вайрон мешавад, огоҳ бошед, ки он гӯштпора қалб аст".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим