Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

42 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Барои ҳар як пайванди устухони инсон садақа лозим аст. Ҳар рӯзе, ки дар он офтоб тулуъ мекунад, агар миёни ду нафар оштӣ биандозӣ (адолат кунӣ), садақа аст; ва чун ба марде барои савор шудан ба ҳайвони савориаш ёрӣ расонӣ ё бар он ҳайвон бору бандашро бор кунӣ ё бардорӣ, садақа аст; ва сухани хуш садақа аст; ва ҳар як қадаме, ки барои рафтан ба намоз мегузорӣ, садақа аст; ва чун чизи озордиҳандаро аз сари роҳ бартараф кунӣ, садақа аст".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим
"Ҳамоно Худованд пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул намекунад. Ба дурустӣ, Худо муъминонро бар он чи амр кардааст, ки паёмбаронро ба он амр карда буд. Ва Худои Таъоло мефармояд: ﴾Эй паёмбарон, аз покизаҳо бихӯред ва корҳои шоиста бикунед, ки ман ба он чи анҷом медиҳед, огоҳам﴿ [Сураи Муъминун, ояти 51]; ва муъминонро фармуд: ﴾Эй муъминон, аз неъматҳои покизае, ки ба шумо рӯзӣ додаем, бихӯред﴿ [Сураи Бақара, ояти 172]. Сипас паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мардеро зикр кард, ки сафари дуру дарозе мекунад, бо мӯйҳои парешону гардолуд, дастонашро ба сӯйи осмон бардошта мегӯяд: "Эй Парвардигори ман, эй Парвардигори ман!" Дар ҳоле, ки таому шароб ва либосаш аз ҳаром буда ва аз ҳаром ғизо гирифтааст. Пас дар чунин ҳол чӣ гуна (дуои ӯ) иҷобат мешавад?!".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Рӯзе мо назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишаста будем, ногоҳ марде зоҳир шуд, ки дар тан либосҳои бисёр сафед ва мӯйи сари бисёр сиёҳ дошт ва ҳеҷ асаре аз сафар (гард ва ғубор) бар ӯ дида намешуд ва касе аз мо низ ӯро намешинохт. Ӯ назди Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишаст ва зонуҳои худро бар зонуҳои он ҳазрат расонида кафҳои дастонашро болои ронҳояш гузошт ва гуфт: "Эй Муҳаммад маро аз Ислом хабар деҳ!" Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар бод) гуфт:" Ислом ин аст, ки: шаҳодат бидиҳӣ нест маъбуде барҳақ ҷуз Худо ва Муҳаммад фиристодаи Ӯ Таъоло аст, намозро барпой дорӣ, закот бидиҳӣ, рӯзаи моҳи Рамазон бидорӣ ва ҳаҷҷи Хона бикунӣ, агар тавонои онро дошта бошӣ". Он мард гуфт: "Рост гуфтӣ". (Умар Худованд аз ӯ розӣ бод) мегӯяд: "Мо аз он мард таъаҷҷуб кардем, ки худ суол мекунад ва боз мегӯяд: "Рост гуфтӣ". Он мард боз аз Паёмбари Худо пурсид: "Маро аз имон хабар бидеҳ?". Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Имон ин аст, ки ба Худо, ба фариштагони Ӯ, ба китобҳои Ӯ, ба паёмбарони Ӯ ва ба рӯзи охират имон дошта бошӣ, ҳамон гуна, ки ба тақдир ва неку бади он имон дошта бошӣ". Он мард гуфт: "Рост гуфтӣ ва сипас гуфт: маро аз эҳсон хабар бидеҳ?" Паёмбари Худо гуфт: "Эҳсон он аст, ки Худоро онгуна бипарастӣ, ки гуё Ӯро мебинӣ, агар ту Ӯро набинӣ, Ӯ туро мебинад". Он мард гуфт: "Аз (омадани) рӯзи қиёмат маро хабар деҳ!" Паёмбари Худо гуфт: "Дар ин маврид шахсе, ки аз ӯ суол мекунед донотар аз суолкунанда нест". Он мард гуфт: "Пас аз нишонаҳои он рӯз маро бигӯ!" Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Аз нишонаҳои қиёмат ин аст, ки каниз (зан) хоҷаи худро зояд ва фақирони луч ва пойбараҳна, ва чӯпононро бубинӣ, ки дар қасру баландошёнасозӣ бо ҳам сабқат кунанд". Сипас он мард бархост ва аз назди мо рафт. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пас аз андаке аз ман пурсид: "Эй Умар! Оё медонӣ ин марди суолкунанда кӣ буд?" Умар гуфт: "Худо ва паёмбараш беҳтар медонанд" Паёмбари Худо Гуфт: "Ӯ Ҷабраил аст, омада буд то барои шумо динатонро биомӯзад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Гурӯҳе аз ёрони Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфтанд: "Эй Паёмбари Худо, сарватмандон ҳама савобҳоро бо худ бурданд. Онҳо айнан монанди мо намоз мегузоранд; ва айнан монанди мо рӯза медоранд; ва боз аз молҳои зиёдатиашон садақа мекунанд". Пас гуфт: «Оё Худои Таъоло барои шумо имкони чизе садақа карданро надодааст?! Ба дурустӣ ба ҳар бор "субҳоналлоҳ" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "Аллоҳу Акбар" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "алҳамдулиллоҳ" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "ло илоҳа иллаллоҳ" гуфтан садақа аст; ва амри маъруф кардан садақа аст; ва наҳйи мункар кардан садақа аст; ва дар муошират кардани ҳар яки шумо бо ҳамсаронатон садақа аст». Гуфтанд: "Эй Паёмбари Худо, агар яке аз мо шаҳваташро (дар ҳамсараш) сарф кунад, дар ин барои ӯ савоб бошад?" Гуфт: «Оё медонед, ки агар шаҳваташро дар ҳаром сарф кунад, барои ӯ гуноҳе ҳаст?! Пас, ҳамчунин агар онро дар ҳалол бигузорад, барои ӯ савоб бошад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Саҳмҳои меросро ба соҳибонашон бидиҳед. Он чи боқӣ монад барои наздиктарин мард (аз хешовандон) аст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Худованди Мутаъол ва Расули Ӯ хариду фурӯши шароб, худмурда, хук ва бутҳоро ҳаром гардонидаанд». Касе гуфт: Ё Расулаллоҳ, дар мавриди чарбии худмурда, ки мардум аз он дар сохтани киштиҳо ва равған додани пӯстҳо ва рӯшан кардани чароғҳо истифода мекунанд, чӣ мегӯед? Фармуданд: «На, ҳаром аст». Ва дар ақиби ин сухан фармуданд: «Худованд яҳудро нобуд кунад, вақте ки Худованди Мутаъол чарбии (ҳайвонот)-ро бар онҳо ҳаром намуд, онро об намуда равғанашро гирифта, сипас онро фурӯхтанд ва пулашро хӯрданд".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Дар дунё он чуноне бош, ки гӯё ғариб ва ё роҳгузаре ҳастӣ». Ва Ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) (ҳамеша) мегуфт: "Ҳар гоҳ шаб фаро расад, мунтазири субҳ набош ва ҳар гоҳ ки ба субҳ расидӣ, мунтазири шаб набош. Ва аз сиҳатмандии худ (чизе) барои бемориат ва аз ҳаёти худ (чизе) барои маргат бигир.
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
"Эй ҷавон! ба дурустӣ ки ман туро якчанд панде биомӯзам: (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад; (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Ӯро дар рӯ ба рӯят биёбӣ. Ҳар гоҳ чизе талаб кунӣ, аз Худо талаб кун, ҳар гоҳ ёрӣ биҷӯӣ аз Худо ёрӣ биҷӯ. Ва бидон, ки агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд, то туро ба чизе ёрӣ расонанд, ёрӣ расонида наметавонанд, магар ба он чизе, ки Худо бар ту навиштааст; ва агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд, то ба ту зарар расонанд, зараре расонида наметавонанд, магар ба он чизе, ки Худо бар ту навиштааст, қаламҳо бардошта шудаанд ва номаҳо хушк шудаанд".
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ ва дигарон