Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

42 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Покизагӣ нисфи имон аст. (Савоби лафзи) "алҳамдулиллоҳ" мизон(-и некӣ)-ро пур мекунад. (Савоби лафзи) "субҳоналлоҳ ва алҳамдулиллоҳ" он чи байни замину осмонҳост, пур мекунад. Намоз рӯшноӣ аст. Садақа бурҳон(-и имондорӣ) аст. Сабру шикебоӣ равшанӣ(-и имон) аст. Қуръон барои ту ё бар зидди ту ҳуҷҷат аст. Мардумон бомдодон саъйу талош мекунанд, пас касе (бо анҷом додани корҳои нек) ҷонашро (ба Худо) фурӯхта, пас (худро аз азоб) раҳо мекунад ва каси дигаре (бо анҷом додани корҳои зишт) ҷонашро (ба шайтон ва ҳавову ҳаваси худ) фурӯхта, пас (худро) ба ҳалокат мувоҷеҳ месозад"
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Одамизод ҳеҷ зарферо бадтар аз шикамаш пур накардааст. Барои инсон кофӣ аст чандон бихӯрад, ки зинда бимонад, агар ночор ба хӯрдани бештар аз он шуд, пас, бояд сеяки меъдаи худро барои хӯрданиҳо ва сеяки дуюмро ба нӯшиданиҳо ва сеяки дигарро барои нафас кашидан ихтисос диҳад".
Саҳеҳ Ривояти Имом Аҳмад, Тирмизӣ, Насоӣ ва Ибни Моҷаҳ
"Раҳо кун он чиро, ки туро ба шубҳа меандозад ва бигир он чиро, ки туро ба шубҳа намеандозад [зеро дар ростӣ оромиши хотир аст ва дар дурӯғ шакку шубҳа аст]".
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ ва Насоӣ
"Ба дурустӣ, он чи мардум аз панди паёмбарони пешин дарёфтаанд, ин аст: "Ҳар гоҳ шарм накардӣ, пас ҳар чи мехоҳӣ бикун»". [Шарму ҳаё дар ҳамаи шариатҳои осмонӣ писандида ва мавриди ситоиш будааст. Яъне, агар шарму ҳаё надошта бошӣ, ки туро аз чизҳои ҳаром боздорад, пас ҳар чи хоҳӣ бикун, вале барои худ бадбахтӣ меорӣ].
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
"Ба дурустӣ, аз ман дар бораи амри бузурге пурсидӣ. Дар ҳақиқат ин (кор) танҳо бар касе осон аст, ки Худои Таъоло онро бар вай муяссар гардонад: Худоро ибодат кунӣ ва ба Ӯ ҳеҷ чизро шарик муқаррар насозӣ; ва намоз бигузорӣ; ва закот бидиҳӣ; ва (моҳи) Рамазонро рӯза бидорӣ; ва Хонаро ҳаҷ бикунӣ». Сипас гуфт: «Оё туро ба дарҳои хайр далолат кунам?: Рӯза сипар аст (ки рӯзадорро аз азоби дӯзах нигоҳ медорад); ва садақа гуноҳро маҳв месозад, ҳамчуноне, ки об оташро хомӯш месозад; ва (дигаре аз дарҳои хайр) намози мард дар нимаи шаб (аст)». (Ровӣ) гуфт: "Пас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) (ин оятро) тиловат кард: (Дар ними шаб) паҳлӯҳояшон аз бистарҳо дур мешавад (ва хоби ширинро тарк гуфта ва ба ибодати Парвардигорашон мепардозанд) [Саҷда, 32: 16]. Сипас гуфт: «Оё туро аз саромади ҳамаи корҳо, сутуни он ва баландтарини он хабар диҳам?» Гуфтам: "Оре, эй Паёмбари Худо". Гуфт: «Саромади корҳо ислом аст, сутуни он намоз аст ва баландтарин мақоми он кӯшиш барои пешрафти дин аст». Сипас гуфт: «Оё туро аз асли ҳамаи онҳо хабар диҳам?» Гуфтам: "Оре, эй Расули Худо". Ба забонаш ишора карду гуфт: «Инро нигоҳ дор!» Гуфтам: "Эй Паёмбари Худо, оё барои он чи мо мегӯем, накӯҳиш карда мешавем?" Сипас гуфт: «Модарат аз ту ҷудо бод, магар одамонро бар рӯйҳояшон– ё ин ки гуфт: бар биниҳояшон– ба ҷуз маҳсули бади забонҳояшон боз барои чизи дигаре ба оташ (-и дӯзах) меафкананд?!" [Яъне ҷазои касе, ки дар байни мардум бадгӯӣ карда мегардад ин аст, ки ӯ аз рӯяш ва ё аз бинияш кашида-кашида ба дӯзах андохта мешавад].
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ
«Ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд сухани нек гӯяд ё хомӯш бимонад; ва ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд ҳамсояаашро гиромӣ дорад, ва ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд меҳмонашро икром намояд».
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Марде ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: маро насиҳат кун. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ғазаб накун". Он мард чанд бор аз Паёмбар насиҳат хост, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ғазаб накун".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
"Раво нест рехтани хуни фарди мусалмон, магар ба яке аз се чиз: зан ё марди издивоҷ кардаи зинокор ва (қатли) ҷоне ба (қасоси) ҷон (-и дигар) ва касе, ки тарки дини худ кунад ва аз ҷамъияти мусалмонон ҷудо шавад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи