Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

42 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Агар шумо чуноне, ки шоиста аст, бар Аллоҳ таваккал кунед, ба шумо рӯзӣ хоҳад дод ҳамчуноне, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, ки субҳ гурусна аз лонаи худ берун мераванд ва шомгоҳон бо шиками сер боз мегарданд".
Саҳеҳ Ривояти Имом Аҳмад, Тирмизӣ, Насоӣ, Ибни Моҷаҳ, Ибни Ҳиббон дар Саҳеҳи худ ва Ҳоким
"Некӣ кардан ахлоқи хуб аст ва гуноҳ он аст, ки дар дилат нороҳатӣ биорад ва аз ошкор шуданаш дар байни мардум туро бадат ояд".
Саҳеҳ Ҳадиси аввал: Ин (ҳадис)-ро Муслим ривоят кардааст, ҳадиси дуюм: Ин (ҳадис)-ро Аҳмад ва Доримӣ ривоят кардаанд.
Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ӯро ба тарафи Яман фиристоданд ва дар бораи баъзе аз нӯшиданиҳое, ки дар он ҷо сохта мешуд, аз эшон пурсиданд, ки чистанд онҳо? Гуфт: ал-Битъ ва ал-Мирз аст. Ва ба Абубурда гуфт: "ал-Битъ чист?" Гуфт: Оби асал ва ал-Мизр оби ҷав. Сипас Фармуданд: "Ҳар чизе, ки мастӣ биёварад, ҳаром аст". Ривояти Бухорӣ.
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим
"Забонатро ҳамеша бо зикри Аллоҳ Таъоло тар нигаҳдор".
Саҳеҳ Ривояти Аҳмад, Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Ибни Ҳиббон
"Чор чиз аст, ки агар дар шахсе бошанд, он шахс мунофиқи холис аст ва агар яке аз онҳо дар ӯ бошад, ба хислате аз хислатҳои нифоқ муттасиф гардидааст, магар он, ки он хислатро тарк намояд: Чун сухан бигӯяд, дурӯғ гӯяд; агар ваъда диҳад хилофи ваъдааш амал кунад; агар душманӣ кунад аз ҳад мегузарад; агар аҳду паймон бибандад, хиёнат кунад".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим
"Ҳар ки яке аз мушкилоти муъминеро дар дунё дур созад, Худои Таъоло сахтие аз сахтиҳои рӯзи қиёматро аз ӯ дур месозад; ва ҳар ки (кори) дармондаеро осон кунад, Худои Таъоло бар вай дар дунёву охират осонӣ расонад; ва ҳар ки (айби) мусулмонеро бипӯшонад, Худо (гуноҳи) ӯро дар дунёву охират пӯшида дорад. Ва Худо дар ёрии банда аст, модоме ки банда дар (фикри) ёрӣ намудани бародар (-и мусулмон)-аш бошад. Ҳар ки дар ҷустуҷӯи илмомӯзӣ бошад, Худо ба (баракати) он илм роҳеро ба сӯйи ҷаннат бар вай осон созад. Ҳар гоҳ ки мардуме дар масҷиде аз масоҷид ҷамъ омада, Қуръон тиловат кунанд ва аз он дарс омӯзанд, пас бар дилҳои онҳо оромӣ нозил шавад ва раҳмати Худо онҳоро фаро гирад ва малоикаҳо онҳоро иҳота кунанд ва Худо онҳоро дар байни касоне, ки назди Ӯст, ёд кунад; ва ҳар ки дар амал сустӣ кунад, ҳеҷ гоҳ насабаш ӯро ба ҷое нарасонад
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ҳар ки ба ин кори мо (шариати исломӣ) чизи наве дохил кунад, ки аз он нест, он амр мардуд аст".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим
"Марде аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) суол карда пурсид: "Барои ман хабар деҳ, оё ҳар гоҳ намозҳои фарзшударо бихонам, моҳи Рамазонро рӯза бидорам, ҳалолро ҳалол бидонам ва ҳаромро ҳаром бидонам ва ба онҳо чизе наафзоям, ба биҳишт дохил мешавам?" Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: «"Оре".
Саҳеҳ Ривояти Муслим