Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

8 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мегуфт: Худованд фармудааст: "Эй фарзанди одам! Ҳаргоҳ манро мехонию ба ман умед дорӣ, туро бар он чи ки буд (ба хотири амалҳоят) меомурзам ва аз ту парвое надорам. Эй фарзанди одам! Агар гуноҳони ту ба абрҳои осмон бирасад ва онгоҳ аз ман талаби омурзиш кунӣ, туро меомурзам ва гуноҳони туро хоҳам бахшид ва парвое надорам. Эй фарзанди одам! Агар ба сӯи ман биоӣ дар ҳоле, ки ба пурии замин гуноҳ ва хато дорӣ, вале ба ман ширк наоварӣ, ман бо замини пур аз мағфират ва бахшиш ба сӯи ту меоям".
Ҳасан Ривояти Тирмизӣ
"Аз (ҷумлаи) зебоии исломи шахс он аст, ки он чиро бар вай фоида надорад, тарк намояд".
Нававӣ гуфт: Ҳадиси ҳасан аст Ривояти Тирмизӣ ва дигарон
"Ба дурустӣ, Худованд фаризаҳоро муқаррар намуд, пас онҳоро зоеъ накунед; ва ҳудудҳоро (барои уқубату ҷазо) муайян сохт, пас онҳоро таҷовуз накунед; ва ҳаромҳоро ҳаром гардонид, пас ба онҳо наздик нашавед; ва дар бораи (баъзе) чизҳо бинобар меҳрубонӣ намудан барои шумо на аз рӯйи фаромӯшӣ, сукут (ихтиёр) кард, пас шумо онҳоро ҷустуҷў накунед".
Нававӣ гуфт: Ҳадиси ҳасан аст Ривояти Дориқутнӣ дар сунанаш ва дигарон.
"Агар (мол танҳо) бо даъво кардан ба мардум дода мешуд, он гоҳ мардон молу хуни қавмро даъво мекарданд, лекин ба даъвогар гувоҳ овардан ва ба он ки мункир мешавад, қасам ёд кардан (лозим) аст".
Ҳасан Байҳақӣ ва дигарон онро ҳамчунин ривоят кардаанд ва баъзе аҷзои ин ҳадис дар "Саҳеҳайн" омадааст.
"Ба дурустӣ, Худо ба хотири ман аз умматонам хатову фаромӯшӣ ва он чиро, ки бар он маҷбур карда шудаанд, гузашт кардааст".
Нававӣ гуфт: Ҳадиси ҳасан аст Ривояти Ибни Моҷаҳ ва Байҳақӣ ва дигарон
"(Дар дини ислом ба худ) зиён овардан ва (ё ба дигарон) зиён расонидан иҷозат нест".
Ҳасан Ривояти Ибни Моҷаҳ ва Дорақутнӣ ва дигарон ба таври муснад.
"Ҳар ҷое бошӣ, аз Худо битарс ва пас аз ҳар бадӣ хубие анҷом деҳ, то он (бадӣ)-ро маҳв кунад ва бо ахлоқи нек бо мардум рафтор кун!"
Тирмизӣ гуфт: Ҳадиси ҳасан аст. Ривояти Тирмизӣ
"Дар дунё қаноатманду парҳезгор бош, то сазовори дӯст доштани Худо бошӣ; аз (тамаъ кардани) ҳар чизе, ки мардум ба даст овардаанд, парҳез кун, то туро мардум дӯст бидоранд".
Нававӣ гуфт: Ҳадиси ҳасан аст Ибни Моҷаҳ ва дигарон бо исноди ҳасан ривоят кардаанд