عربي - Arabic English Qafár af - Afar Afrikaans - Afrikanns Akan Shqip - Albanian አማርኛ - Amharic Հայերեն - Armenian অসমীয়া - Assamese Azərbaycanca - Azerbaijani Bamanankan - Bambara Bassa Bemba বাংলা - Bengali Bosanski - Bosnian Български - Bulgarian မြန်မာဘာသာ - Burmese Bisaya - Cebuano Cham Нохчий - Chechen chiCheŵa - Chewa 中文 - Chinese Адыгэбзэ - Circassian Hrvatski - Croatian Česky - Czech Dagbani Dansk - Danish فارسی دری - Dari Dendi ދިވެހި ބަސް - Dhivehi Nederlands - Dutch إستوني - Estonian Suomi - Finnish Français - French Fulfulde - Fula ქართული - Georgian Deutsch - German Ελληνικά - Greek ગુજરાતી - Gujrati Kreyòl ayisyen - Haitian Creole Hausa हिन्दी - Hindi Magyar - Hungarian Igbo Indonesia - Indonesian Italiano - Italian 日本語 - Japanese Jóola - Jola ಕನ್ನಡ - Kannada Қазақша - Kazakh ភាសាខ្មែរ - Khmer Kikuyu Ikinyarwanda - Kinyarwanda Ikirundi - Kirundi 한국어 - Korean كوردی سۆرانی - kurdish كوردي kurmancî - Kurmanji Kyrgyz ລາວ - Lao latviešu - Latvian Lingala lietuvių - Lithuanian Luganda Македонски - Macedonian Maguindanaon Malagasy - Malagasy Bahasa Melayu - Malay മലയാളം - Malayalam Mandinka मराठी - Marathi Mõõré - Moore नेपाली - Nepali أنكو - NKo Norwegian ଓଡ଼ିଆ - Odia oromoo - Oromo پښتو - Pashto فارسی - Persian Polski - Polish Portuguese ਪੰਜਾਬੀ - Punjabi Română - Romanian Русский - Russian Српски - Serbian Shona සිංහල - Sinhala Slovenščina - Slovenian Soomaaliga - Somali Soninke Sesotho - Sotho Español - Spanish Kiswahili - Swahili Svenska - Swedish Tagalog Тоҷикӣ - Tajik தமிழ் - Tamil తెలుగు - Telugu ไทย - Thai ትግረኛ - Tigrinya Türkçe - Turkish Ukrainian اردو - Urdu ئۇيغۇرچە - Uyghur Ўзбек - Uzbek Việt Nam - Vietnamese Wolof Yao Yorùbá - Yoruba Zarma زولو - Zulu
287 Ҳадисҳо
Донишномаи аҳодиси набавӣ
Категорияҳо
Дараҷаи ҳадис
Ривоят шуда дар
Намоиши манбаъҳои дигар
Ровӣ
Намоиши ҳамаи ровиён (24)
"Ҳаройина, Худои Таъоло хубиҳо ва бадиҳоро муқаррар намуда, сипас онҳоро баён кардааст. Пас, ҳар ки қасди некӣ карду онро ба анҷом нарасонид, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ як хубии комил менависад ва агар қасди некӣ карду онро ба анҷом расонид, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ аз даҳ хубӣ то ҳафсад баробар ва аз он ҳам бештар менависад; ва агар қасди бадӣ карду онро адо накард, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ як хубии комил менависад; ва агар қасди бадӣ карду онро ба анҷом расонид, Худои Таъоло онро (барои вай) як бадӣ менависад".
Саҳеҳ Ин (ҳадис)-ро Бухорӣ ва Муслим дар "Саҳеҳайн"-и худ бо ҳамин ҳуруф ривоят кардаанд
"Савоби амалҳо вобаста бо ният аст; ва ҳар кас мувофиқи нияташ ҷазо дода мешавад. Пас ҳар ки ба сӯйи Аллоҳ ва Расулаш ҳиҷрат кард, ҳиҷрати ӯ ба сӯйи Аллоҳ ва Расули Ӯст. Ва ҳар кас, ки ҳиҷраташ ба сӯйи дунё бошад, то онро ба даст орад ё ба хотири издивоҷ бо зане бошад, ки ӯро ба никоҳ дарорад, пас ҳиҷрати ӯ ба сӯйи ҳамон чизе аст, ки ба он сӯй ҳиҷрат кардааст".
Саҳеҳ Ин ҳадисро ду имоми муҳаддисон Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоъил ибни Иброҳим ибни ал-Муғира ибни Бардизбеҳ ал-Бухорӣ ва имом Абулҳусайн Муслим ибни ал-Ҳаҷҷоҷ ибни Муслими Қушайрии Нишопурӣ, Худованд аз ҳардуи онҳо розӣ бод, дар китобҳои "Саҳеҳайн"-и худ, ки саҳеҳтарини китобҳои таснифшуда мебошанд, ривоят кардаанд.
"Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст: Гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ Таъоло нест ва ин ки Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) расул ва фиристодаи Худост, барпо доштани намоз, додани закот, ҳаҷҷи Хона ва рӯзаи Рамазон".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим
"Амр шудаам, ки бо мардум биҷангам, то ин ки онҳо гувоҳӣ диҳанд, ки маъбуде ба ҳақ нест ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст ва намозро бигузоранд ва закот бидиҳанд. Пас, вақте чунин карданд, ҷон ва молашонро аз ман ҳифз кардаанд, магар ба ҳаққи Ислом ва ҳисобашон назди Аллоҳ аст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Он чи шуморо аз он наҳй кардаам, аз он дурӣ биҷӯед ва он чи шуморо бар он амр кардаам, пас аз он ҳар қадар, ки тавонистед, иҷро бикунед. Ба дурустӣ, он умматонеро, ки пеш аз шумо буданд, саволҳои бисёрашон ва ихтилофашон бар паёмбарон ҳалок кардааст".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ривояте аз Аллоҳ Таборак ва Таоло меорад, ки Ӯ Таъоло мефармояд: "Эй бандагони Ман! ҳамоно ман зулмро бар Худ ҳаром гардонидам ва онро дар байни шумо низ ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулм накунед!. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо гумроҳед, магар касе, ки ӯро ҳидоят кардаам, пас аз Ман роҳи рост талаб кунед, то шуморо роҳнамоӣ кунам. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо гуруснаед, магар касе, ки ӯро таом додаам, пас аз Ман талаб кунед то шуморо бихуронам. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо бараҳнаед, магар касе, ки ӯро пӯшонидаам, пас аз Ман бихоҳед то шуморо бипӯшонам. Эй бандагони Ман! Шумо шабу рӯз хато мекунед ва Ман ҳастам, ки гуноҳонро мебахшам, пас аз Ман омӯрзиш биталабед, то шуморо биомурзам. Эй бандагони Ман шумо ҳаргиз наметавонед ба Ман зараре бирасонед ва ҳаргиз фоидае бар Ман наметавонед бирасонед. Эй бандагони Ман! Агар аз аввалин то охирини шумо, инс ва ҷинни шумо ҳама бар парҳезгортарин қалби фарде аз шумо (ҷамъ) оянд, ҳеҷ чизе дар мулки Ман намеафзояд. Эй бандагони Ман!
Агар аз аввалин то охирини шумо ва инсу ҷинни шумо ҳама бар бадкирдортарин қалби як фарде аз шумо (ҷамъ) оянд ҳеҷ чизе аз мулки Ман кам намекунад. Эй бандагони Ман! агар аз аввалин то охирини шумо ва инсу ҷинни шумо ҳама дар як майдон (ҷамъ) оянд ва аз Ман хоҳиш кунанд ва ба ҳар яки шумо ончи мехоҳандро бидиҳам, ҳеҷ чизе аз мулки Ман кам намешавад, магар ба андозаи як сӯзан, ки дар баҳр фурӯ бурда шавад. Эй бандагони Ман! Ин амалҳои шумо аст, ки онҳоро барои шумо бармешуморам, сипас (подоши) онҳоро барои шумо комил медиҳам, пас ҳар кӣ хайр ва некӣ дарёфт Худоро ҳамд гӯяд ва ҳар кӣ ғайри онро дарёфт, ҷуз худаш касеро маломат накунад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ҳар кадоми шумо то он чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародар (-и мусалмонаш) низ дӯст надорад, ҳанӯз имон наовардааст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Барои ҳар як пайванди устухони инсон садақа лозим аст. Ҳар рӯзе, ки дар он офтоб тулуъ мекунад, агар миёни ду нафар оштӣ биандозӣ (адолат кунӣ), садақа аст; ва чун ба марде барои савор шудан ба ҳайвони савориаш ёрӣ расонӣ ё бар он ҳайвон бору бандашро бор кунӣ ё бардорӣ, садақа аст; ва сухани хуш садақа аст; ва ҳар як қадаме, ки барои рафтан ба намоз мегузорӣ, садақа аст; ва чун чизи озордиҳандаро аз сари роҳ бартараф кунӣ, садақа аст".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим