Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

97 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Ровӣ

Намоиши ҳамаи ровиён (49)
"Ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ савганд ёд кунад, ё кофир шудааст ё ширк варзидааст".
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ ва Аҳмад
"Ҳамаи уммати ман вориди биҳишт мешаванд, магар касе саркашӣ кунад". Гуфтанд: Эй Расули Худо чи касе саркашӣ мекунад? Гуфт: "Ҳар касе аз ман итоат кунад, вориди биҳишт мешавад ва ҳар касе нофармонӣ кунад саркашӣ кардааст".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
"Бар қабрҳо нанишинед ва ба сӯи онҳо намоз нагузоред".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Худои Таъоло фармудааст: "Ҳар ки бо дӯсте аз дӯстони Ман душманӣ намояд, Ман бар (зидди) вай ҷанг эълон менамоям. Бандаи Манро ҳеҷ чизе барои наздикӣ ҷустан ба сӯйи Ман сазовортар аз (иҷрои) он чи ки бар вай фарз гардондаам, нест. Ва бандаи Ман ҳамеша ба воситаи анҷом додани ибодатҳои нофила ба Ман наздиктар мешавад, то Ман ӯро дӯст мегирам, вақте ки Ман вайро дӯст доштам, он гоҳ (нигаҳдорандаи) гӯши ӯ хоҳам шуд, ки ба воситаи он вай хоҳад шунид; ва (нигаҳдорандаи) чашми ӯ, ки ба воситаи он вай хоҳад дид; ва (нигаҳдорандаи) дасти ӯ, ки ба воситаи он вай сахт хоҳад гирифт; ва (нигаҳдорандаи) пойи ӯ, ки ба воситаи он вай ҳаракат хоҳад кард. Ва агар ӯ аз Ман чизе талаб кунад, Ман бетаъхир ба ӯ инро мебахшам, агар ӯ ба паноҳи Ман шитобад, Ман, албатта, ӯро дар паноҳи Худ мегирам!".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
Мардуме аз аҳли ширк, ки дар қатлу зинокорӣ зиёдаравӣ карда буданд, назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омаданд ва гуфтанд: Он чи ту мегӯӣ ва ба он даъват мекунӣ бешак неку аст, бароямон бигӯӣ, ки он чи мо анҷом додаем каффорае дорад? Пас, ин оят нозил шуд: "Ва касоне ҳастанд, ки бо Аллоҳ Таъоло маъбуди дигаре намехонанд ва касе, ки Аллоҳ Таъоло [куштанашро] ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ намекушанд ва зино намекунанд" (Сураи Фурқон, ояти 68). Ва инчунин ояти дигаре нозил шуд: "[Эй Паёмбар] Ба бандагонам, ки [дар иртикоб ба ширку гуноҳ] зиёдаравӣ кардаанд, бигӯ: «Аз раҳмати илоҳӣ маъюс набошед...," (Сураи Зумар, ояти 53).
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
" Қиёмат барпо намешавад то инки офтоб аз мағриб тулӯъ кунад, ва чун аз мағриб тулӯъ кунад мардум пас аз дидани он ҳама имон биёваранд. (Рӯзе, ки баъзе нишонаҳои Аллоҳ ошкор шавад, имони касе, ки пеш аз он имон наёварда ё дар вақти имон доштанаш кори неке анҷом надодааст, барои ӯ фоидае нахоҳад дошт. (Анъом: 158)). Қиёмат дар ҳоле фаро мерасад, ки ду мард дар ҳоли хариду фурӯши матоъи худ ҳастанд, аммо на хариду фурӯши худро ба поён мерасонанд ва на фурсат барои ҷамъ кардани он хоҳад монд. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки марде шири шутури худро ҷӯшида аммо фурсат барои нӯшидани он нахоҳад монд. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки марде ҳавзи худро таъмир мекунад, аммо аз он об наменӯшад. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки яке аз шумо луқмаи нонро ба тарафи даҳонаш мебарад, аммо онро намехӯрад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Ҳангоме ки (малакулмавт ва ҳолоти вафот) бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шуд, хамисае (порчаи матоъе) бар чеҳраи худ меандохт ва ҳангоме ки нафасашон танг мешуд онро аз чеҳрааш бардошта ва дар ҳамин ҳол мегуфт: "Лаънати Аллоҳ бар яҳудиён ва насрониён, (ки) қабрҳои паёмбаронашонро ибодатгоҳ қарор доданд". Ва нисбат ба коре, ки анҷом додаанд ҳушдор медоданд.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳар ки дар ин амри мо (дини мо) чизеро биёварад, ки аз он нест, он (чиз) пазируфта намешавад". Муттафақун алайҳи. Ва дар ривояти Муслим омадааст: "Ҳар ки коре анҷом диҳад, ки амри мо бар он нест, он (кор) мардуд аст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи