Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

6 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Ровӣ

Намоиши ҳамаи ровиён (49)
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) вақте Муъоз ибни Ҷабалро ба Яман фиристод, ба ӯ гуфт: "Ту назди мардумоне меравӣ, ки аҳли китоб ҳастанд, вақте онҳоро диди ба гуфтани "Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ" фаро бихон. Агар онҳо аз ту пазируфтанд ба онон бигӯ, ки Худованд дар як шабонарӯз панҷ вақт намозро фарз гардонидааст, пас агар онҳо намози панҷгонаро пазируфтанд ба онон бигӯ, ки Худованд садақаеро фарз гардонидааст, ки аз сарватмандони онҳо гирифта бар фақиронашон дода мешавад. Агар онҳо инро низ пазируфтанд аз амволи гаронбаҳои онҳо барҳазар бош ва аз дуои мазлум битарс, зеро байни мазлум ва байни Аллоҳ пардае вуҷӯд надорад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: Эй Расули Худо! Яке аз мо дар худ чизеро эҳсос мекунад -бо дастонаш ишора карда-, ки хокистар шудан барояш авлотар аз он аст, ки онро ба забон биёрад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованд бузург аст, Худованд бузург аст, ҳамду ситоиш барои Аллоҳ аст, ки найранги ӯро ба васваса табдил дод".
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд ва Насоӣ дар Кубро
"Ҳар кӣ чизе аз илми нуҷум биомӯзад, шохае аз ҷодугарӣ омӯхтааст, ва ҳарчи бештар биомӯзад, сеҳри бештар омӯхтааст".
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Ба дурустӣ, Худо ба хотири ман аз умматонам хатову фаромӯшӣ ва он чиро, ки бар он маҷбур карда шудаанд, гузашт кардааст".
Нававӣ гуфт: Ҳадиси ҳасан аст Ривояти Ибни Моҷаҳ ва Байҳақӣ ва дигарон
"Ҳаройина, Худои Таъоло хубиҳо ва бадиҳоро муқаррар намуда, сипас онҳоро баён кардааст. Пас, ҳар ки қасди некӣ карду онро ба анҷом нарасонид, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ як хубии комил менависад ва агар қасди некӣ карду онро ба анҷом расонид, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ аз даҳ хубӣ то ҳафсад баробар ва аз он ҳам бештар менависад; ва агар қасди бадӣ карду онро адо накард, Худои Таъоло онро (барои вай) дар назди Худ як хубии комил менависад; ва агар қасди бадӣ карду онро ба анҷом расонид, Худои Таъоло онро (барои вай) як бадӣ менависад".
Саҳеҳ Ин (ҳадис)-ро Бухорӣ ва Муслим дар "Саҳеҳайн"-и худ бо ҳамин ҳуруф ривоят кардаанд
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз Парвардигораш ривоят оварда мефармояд: "Ҳамоно Аллоҳ некиҳо ва бадиҳоро навишта сипас онҳоро баён фармудааст, пас касе қасди анҷоми кори некеро кунад ва онро анҷом дода натавонад, Худованд барои ӯ як ҳасанаи комил менависад. Агар касе қасди анҷоми кори некеро кунад ва онро анҷом диҳад, Худованд барои ӯ аз даҳ то ҳафтсад баробар ҳасана ва ҳатто бештар аз он менависад. Агар касе қасди анҷоми амали нораво кунад ва онро анҷом надиҳад, Худованд барои ӯ як ҳасана менависад, аммо агар қасд кунад ва онро анҷом диҳад, Худованд барояш танҳо як бадӣ менависад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи