عربي - Arabic English Qafár af - Afar Afrikaans - Afrikanns Akan Shqip - Albanian አማርኛ - Amharic Հայերեն - Armenian অসমীয়া - Assamese Azərbaycanca - Azerbaijani Bamanankan - Bambara Bassa Bemba বাংলা - Bengali Bosanski - Bosnian Български - Bulgarian မြန်မာဘာသာ - Burmese Bisaya - Cebuano Cham Нохчий - Chechen chiCheŵa - Chewa 中文 - Chinese Адыгэбзэ - Circassian Hrvatski - Croatian Česky - Czech Dagbani Dansk - Danish فارسی دری - Dari Dendi ދިވެހި ބަސް - Dhivehi Nederlands - Dutch إستوني - Estonian Suomi - Finnish Français - French Fulfulde - Fula ქართული - Georgian Deutsch - German Ελληνικά - Greek ગુજરાતી - Gujrati Kreyòl ayisyen - Haitian Creole Hausa हिन्दी - Hindi Magyar - Hungarian Igbo Indonesia - Indonesian Italiano - Italian 日本語 - Japanese Jóola - Jola ಕನ್ನಡ - Kannada Қазақша - Kazakh ភាសាខ្មែរ - Khmer Kikuyu Ikinyarwanda - Kinyarwanda Ikirundi - Kirundi 한국어 - Korean كوردی سۆرانی - kurdish كوردي kurmancî - Kurmanji Kyrgyz ລາວ - Lao latviešu - Latvian Lingala lietuvių - Lithuanian Luganda Македонски - Macedonian Maguindanaon Malagasy - Malagasy Bahasa Melayu - Malay മലയാളം - Malayalam Mandinka मराठी - Marathi Mõõré - Moore नेपाली - Nepali أنكو - NKo Norwegian ଓଡ଼ିଆ - Odia oromoo - Oromo پښتو - Pashto فارسی - Persian Polski - Polish Portuguese ਪੰਜਾਬੀ - Punjabi Română - Romanian Русский - Russian Српски - Serbian Shona සිංහල - Sinhala Slovenščina - Slovenian Soomaaliga - Somali Soninke Sesotho - Sotho Español - Spanish Kiswahili - Swahili Svenska - Swedish Tagalog Тоҷикӣ - Tajik தமிழ் - Tamil తెలుగు - Telugu ไทย - Thai ትግረኛ - Tigrinya Türkçe - Turkish Ukrainian اردو - Urdu ئۇيغۇرچە - Uyghur Ўзбек - Uzbek Việt Nam - Vietnamese Wolof Yao Yorùbá - Yoruba Zarma زولو - Zulu
287 Ҳадисҳо
Донишномаи аҳодиси набавӣ
Категорияҳо
Дараҷаи ҳадис
Ривоят шуда дар
Ровӣ
Намоиши ҳамаи ровиён (46)
"Бар қабрҳо нанишинед ва ба сӯи онҳо намоз нагузоред".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Худои Таъоло фармудааст: "Ҳар ки бо дӯсте аз дӯстони Ман душманӣ намояд, Ман бар (зидди) вай ҷанг эълон менамоям. Бандаи Манро ҳеҷ чизе барои наздикӣ ҷустан ба сӯйи Ман сазовортар аз (иҷрои) он чи ки бар вай фарз гардондаам, нест. Ва бандаи Ман ҳамеша ба воситаи анҷом додани ибодатҳои нофила ба Ман наздиктар мешавад, то Ман ӯро дӯст мегирам, вақте ки Ман вайро дӯст доштам, он гоҳ (нигаҳдорандаи) гӯши ӯ хоҳам шуд, ки ба воситаи он вай хоҳад шунид; ва (нигаҳдорандаи) чашми ӯ, ки ба воситаи он вай хоҳад дид; ва (нигаҳдорандаи) дасти ӯ, ки ба воситаи он вай сахт хоҳад гирифт; ва (нигаҳдорандаи) пойи ӯ, ки ба воситаи он вай ҳаракат хоҳад кард. Ва агар ӯ аз Ман чизе талаб кунад, Ман бетаъхир ба ӯ инро мебахшам, агар ӯ ба паноҳи Ман шитобад, Ман, албатта, ӯро дар паноҳи Худ мегирам!".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
Мардуме аз аҳли ширк, ки дар қатлу зинокорӣ зиёдаравӣ карда буданд, назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омаданд ва гуфтанд: Он чи ту мегӯӣ ва ба он даъват мекунӣ бешак неку аст, бароямон бигӯӣ, ки он чи мо анҷом додаем каффорае дорад? Пас, ин оят нозил шуд: "Ва касоне ҳастанд, ки бо Аллоҳ Таъоло маъбуди дигаре намехонанд ва касе, ки Аллоҳ Таъоло [куштанашро] ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ намекушанд ва зино намекунанд" (Сураи Фурқон, ояти 68).
Ва инчунин ояти дигаре нозил шуд: "[Эй Паёмбар] Ба бандагонам, ки [дар иртикоб ба ширку гуноҳ] зиёдаравӣ кардаанд, бигӯ: «Аз раҳмати илоҳӣ маъюс набошед...," (Сураи Зумар, ояти 53).
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
" Қиёмат барпо намешавад то инки офтоб аз мағриб тулӯъ кунад, ва чун аз мағриб тулӯъ кунад мардум пас аз дидани он ҳама имон биёваранд. (Рӯзе, ки баъзе нишонаҳои Аллоҳ ошкор шавад, имони касе, ки пеш аз он имон наёварда ё дар вақти имон доштанаш кори неке анҷом надодааст, барои ӯ фоидае нахоҳад дошт. (Анъом: 158)). Қиёмат дар ҳоле фаро мерасад, ки ду мард дар ҳоли хариду фурӯши матоъи худ ҳастанд, аммо на хариду фурӯши худро ба поён мерасонанд ва на фурсат барои ҷамъ кардани он хоҳад монд. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки марде шири шутури худро ҷӯшида аммо фурсат барои нӯшидани он нахоҳад монд. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки марде ҳавзи худро таъмир мекунад, аммо аз он об наменӯшад. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки яке аз шумо луқмаи нонро ба тарафи даҳонаш мебарад, аммо онро намехӯрад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Ҳангоме ки (малакулмавт ва ҳолоти вафот) бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шуд, хамисае (порчаи матоъе) бар чеҳраи худ меандохт ва ҳангоме ки нафасашон танг мешуд онро аз чеҳрааш бардошта ва дар ҳамин ҳол мегуфт: "Лаънати Аллоҳ бар яҳудиён ва насрониён, (ки) қабрҳои паёмбаронашонро ибодатгоҳ қарор доданд". Ва нисбат ба коре, ки анҷом додаанд ҳушдор медоданд.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳар ки дар ин амри мо (дини мо) чизеро биёварад, ки аз он нест, он (чиз) пазируфта намешавад". Муттафақун алайҳи. Ва дар ривояти Муслим омадааст: "Ҳар ки коре анҷом диҳад, ки амри мо бар он нест, он (кор) мардуд аст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳар кӣ чизе аз илми нуҷум биомӯзад, шохае аз ҷодугарӣ омӯхтааст, ва ҳарчи бештар биомӯзад, сеҳри бештар омӯхтааст".
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
" Марг ба шакли қучқори сиёҳ-сафед оварда мешавад ва садо карда мешавад: эй биҳиштиён! Биҳиштиён сарҳои худро баланд карда гӯш фаро медиҳанд ва нидокунанда мегӯяд: оё инро мешиносед? Биҳиштиён, ки ҳама онро дидаанд ва мешиносанд мегӯянд бале ин марг аст. Сипас ба тарафи дузахиён садо карда мешавад ва дузахиён сарҳои худро баланд карда ба сӯи нидокунанда нигоҳ мекунанд ва ба онҳо гуфта мешавад: оё инро мешиносед? Дузахиён низ, ки онро дидаанд ва мешиносанд, мегӯянд: оре, ин марг аст. Сипас он кушта мешавад ва ба биҳиштиён гуфта мешавад, ки инҷо барои шумо ҷовидонӣ аст ва дигар марг барои шумо нест. Ҳамин гуна ба аҳли дӯзах гуфта мешавад, ки инҷо ҷовидонӣ аст ва дигар марг вуҷӯд надорад. Сипас Паёмбари Худо ин ду оятро хонд: (Битарсон (эй Паёмбар) одамонро аз рӯзи пушаймонӣ, ки чун кор ба поён расад. (аҳли дунё дар ғафлатанд) ва имрӯз онон дар дунё дар ғафлатанд ва онҳо аз ин сабаб имон намеоранд. (Марям: 39)"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи