Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

90 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Ровӣ

Намоиши ҳамаи ровиён (46)
"Аллоҳ Таборак ва Таъоло фармудааст: Ман аз ширк бениёзтарин ҳастам, ҳар кӣ амалеро анҷом диҳад, ки касеро бо Ман дар он шарик месозад, ӯ ва ширкашро ба ҳоли худаш мегузорам".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Худованд ба сурат ва моли шумо нигоҳ намекунад, балки ба дилҳо ва амалҳои шумо менигарад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки ӯ ростгӯ ва тасдиқшуда аст ба мо чунин фармуданд: "Тарзи офариниши ҳар яке аз шумо ба гунае аст, ки ба муддати чиҳил рӯз дар батни модар, ҷамъ меояд. Сипас чиҳил рӯзи дигар ба хунпора табдил меёбад, пас аз он чиҳил рӯзи дигар ҳамчун гӯштпора. Сипас фаришта фиристода мешавад ва ба навиштани чаҳор чиз: ризқ, марг, амал ва инки ӯ бадбахт аст ё хушбахт, амр шуда, дар ӯ рӯҳ дамонда мешавад. Савганд ба зоте, ки ҷуз Ӯ маъбуде нест, яке аз шумо амали биҳиштиёнро анҷом медиҳад то инки миёни ӯ ва ҷаннат ба масофаи як зироъ боқӣ мемонад, аммо тақдир бар ӯ сабқат намуда амали дӯзахиёнро анҷом дода, вориди ҷаҳаннам мешавад. Ҳамин гуна яке аз шумо амали дӯзахиёнро анҷом медиҳад то инки миёни ӯ ва дӯзах ба масофаи як зироъ боқӣ мемонад, аммо тақдир бар ӯ сабқат намуда амали биҳиштиёнро анҷом медиҳад ва вориди ҷаннат мешавад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Касоне, ки меҳрубон ҳастанд, Аллоҳи Раҳмон ба онон раҳм хоҳад кард. Бар аҳли замин раҳм кунед, Он ки дар осмон аст ба шумо раҳм мекунад."
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ ва Аҳмад
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар маркабе савор ва Муъоз пушти ӯ нишаста буд, гуфт: "Эй Муъоз ибни Ҷабал" Гуфт: бале эй Расули Худо дар хидматат ҳастам. Гуфт: "Эй Муъоз" Муъоз гуфт: бале эй расули Худо дар хидматат ҳастам ва инро се маротиба такрор намуданд. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Касе содиқона ва аз қалб гувоҳӣ диҳад, ки нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст, Худованд оташи дӯзахро бар ӯ ҳаром мегардонад". Муъоз гуфт: оё ин муждаро ба мардум бирасонам? Паёмбари Худо фармуд:" онҳо дигар бар ин такя мекунанд". Муъоз ин ҳадисро ҳангоми вафот аз тарси мабодо инки (барои пинҳон кардани илм) гунаҳгор шавад, гуфтааст.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Бархе аз мардум аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи фолбинон пурсиданд ва Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Онҳо чизе нестанд". Гуфтанд: эй Расули Худо! Гоҳо онон чизе мегӯянд, ки он рух медиҳад. Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Он як калимаи ҳақ аст, ки ҷин онро медуздад ва монанди қуд-қуди мурғ дар гӯши валии худ қарор медиҳад, сипас онҳо сад дурӯғи дигар дар атрофи он меафзоянд".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ савганд ёд кунад, ё кофир шудааст ё ширк варзидааст".
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ ва Аҳмад
"Ҳамаи уммати ман вориди биҳишт мешаванд, магар касе саркашӣ кунад". Гуфтанд: Эй Расули Худо чи касе саркашӣ мекунад? Гуфт: "Ҳар касе аз ман итоат кунад, вориди биҳишт мешавад ва ҳар касе нофармонӣ кунад саркашӣ кардааст".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ