Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

66 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

Паембари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро панҷ рӯз пеш аз маргаш шунидам, ки мегуфт: "Бидонед ман ба даргоҳи Аллоҳ бароат ҷустаам, ки аз миёни шумо халиле (дӯсте) дошта бошам, зеро Аллоҳ таоло маро халили худ гардонидааст, чунончи Иброҳимро халили худ гардонида буд, агар аз миёни умматам халиле мегирифтам, бешак Абубакрро халили худ қарор медодам. Огоҳ бошед, ки пешиниёни шумо қабрҳои паёмбарони худро масҷид мегирифтанд, шуморо ҳушдор медиҳам, ки қабрҳоро масҷид қарор надиҳед, ман шуморо аз ин кор бозмедорам".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Эй мардум, ҳамоно Худо пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул намекунад. Ба дурустӣ, Худо муъминонро бар он чи амр кардааст, ки паёмбаронро ба он амр карда буд. Ва Худои Таъоло мефармояд: ﴾Эй паёмбарон аз покизаҳо бихӯред ва корҳои шоиста бикунед, ки ман ба он чи анҷом медиҳед, огоҳам﴿ [Сураи Муъминун, ояти 51]; ва муъминонро фармуд: ﴾Эй муъминон! Аз неъматҳои покизае, ки ба шумо рӯзӣ додаем, бихӯред﴿ [Сураи Бақара, ояти 172]. Сипас Паёамбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мардеро зикр кард, ки сафари дуру дарозе мекунад, бо мӯйҳои парешону гардолуд, дастонашро ба сӯйи осмон бардошта мегӯяд: "Эй Парвардигори ман, Эй Парвардигори ман!" Дар ҳоле, ки таому шароб ва либосаш аз ҳаром буда ва аз ҳаром ғизо гирифтааст. Пас дар чунин ҳол чӣ гуна (дуои ӯ) иҷобат мешавад?!"
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ҳамоно Аллоҳ ба золим муҳлат медиҳад, ва чун ӯро гирифт, дигар раҳояш намекунад". Сипас ин ояти каримаро қироат фармуд: "Ва чунин аст бозхости Парвардигорат, ки аҳолии шаҳрҳоеро, ки ситамгор [-у мушрик] буданд, фаро мегирифт. Бе гумон, бозхости ӯ дарднок ва сахт аст". (Ҳуд 102)"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳаргоҳ садои муаззинро шунидед, монанди он чи мегӯядро бигӯед, сипас бар ман дуруд бифиристед, зеро ҳар ки бар ман як дуруд бифиристад, Аллоҳ бар ӯ даҳ бор дуруд хоҳад фиристод. Сипас аз Аллоҳ барои ман "васила"-ро бихоҳед, зеро он манзилате аст дар биҳишт, ки танҳо шоистаи яке аз бандагони Аллоҳ аст ва умедворам он ман бошам. Пас ҳар ки барои ман "васила"-ро бихоҳад, шафоат баҳраи ӯ хоҳад шуд."
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Собит ибни Қайсро ҷустуҷӯ кард, наёфт, марде гуфт: Ман аз ӯ бароят хабар меоварам. Пас назди ӯ рафт, дид, ки дар хонааш сарашро зер андохта нишаста аст. Аз ӯ пурсид: Туро чӣ шудааст? Гуфт: Шар (бадӣ расидааст). Ӯ садояшро бар садои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) боло мебурд, дар натиҷа амалаш аз байн рафтааст ва аз аҳли дӯзах аст. Пас, он мард баргашт ва ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт, ки ӯ чунин ва чунон гуфтааст. Пас бори дуввум бо башорати бузурге ба назди ӯ бозгашт. Зеро (Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба назди ӯ баргард ва бигӯ, ки ту аз аҳли дӯзах нестӣ, балки аз аҳли биҳишт ҳастӣ."
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Паҳноӣ ҳавзи ман ба андозаи як моҳ роҳ рафтан аст, обаш сафедтар аз шир ва бӯяш хушбӯтар аз миск аст, кӯзаҳои он монанди ситорагони осмон ҳастанд, касе аз он бинӯшад дигар ҳаргиз ташна намешавад"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба амакаш гуфт: "Бигу: нест маъбуди бар ҳақ, магар Аллоҳ, то дар рӯзи қиёмат бароят гувоҳӣ бидиҳам". Гуфт: агар таънаи Қурайш бар ман намебуд ва аз сухани онҳо, ки ӯро тарс ба ин кор водошт, эмин мебудам, бо (гуфтани) он чашмонатро равшан мекардам. Худованд ин оятро нозил фармуд: ([Эй паёмбар] Бе тардид, ту ҳар киро дӯст дошта бошӣ, наметавонӣ [ба иҷбор ба роҳи рост] ҳидоят кунӣ, балки Аллоҳ таоло аст, ки ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад (Қасас: 56))
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Мо бо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар масҷид нишаста будем ва марде савори шутур ба масҷид даромада шутури худро дар ҷое баст ва рӯй ба мардум овард ва гуфт: кадоме аз шумо Муҳаммад аст? Паёмбар, ки онҷо такя зада нишаста буд, гуфтем: ин марди сафедпуст, ки инҷо такя задааст Муҳаммад аст. Мард гуфт: Эй писари Абдулмутталиб! Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Шуморо мешунавам". Мард ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: ман аз ту мепурсам ва дар пурсишҳоям сахтгир ҳастам ва аз ман малол набошед. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Дар ҳар маврид, ки мехоҳӣ бипурс". Гуфт: аз барои Худо ва Худои гузаштагони худ бигӯ, ки оё ту фиристодаи Худованд ба тамоми мардумон ҳастӣ? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки дар як шабонарӯз панҷ вақт намоз бихонем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, ки оё Аллоҳ туро амр намудааст, ки ин моҳ (моҳи рамазонро)-ро рӯза бигирем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, ки оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки ин садақаро аз сарватмандони худ гирифта ба фақиронамон тақсим кунем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба ончи ту овардаи имон овардам ва ман намояндаи қавми худ ҳастам, ман Зимом ибни Саълаба, бародари банӣ Саъд ибни Бакр ҳастам.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи