Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

11 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
Рӯзе Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар миёни мо бархост ва ба мо мавъизае кард, ки дилҳоямонро ба ларза овард ва чашмонамонро ашколуд сохт. Пас гуфта шуд: Эй Расули Аллоҳ! моро мавъизае гуфтӣ мисли мавъизаи видоъкунанда буд, пас моро тавсияе бикун. Фармуданд: "Шуморо ба тақвои Аллоҳ ва гӯш супурдан ва итоат кардан амр мекунам, ҳатто агар (амиратон) бардаи ҳабашӣ бошад. Баъд аз ман ихтилофи шадиде хоҳед дид, пас ба суннати ман ва суннати халифаҳои рошидини ҳидоятёфта чанг бизанед, инро бо дандонҳои курсиятон бигиред ва аз корҳои навпайдо барҳазар бошед, зеро ҳар чизи навпайдо (дар дин) гумроҳӣ аст".
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Ҳар касе ба шахси қарздор муҳлат бидиҳад, ё аз қарзи ӯ кам кунад, Аллоҳи Муттаъол рӯзи қиёмат ӯро зери сояи арши Худ, ки он рӯз сояе ҷуз сояи Ӯ нест, қарор медиҳад".
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ ва Аҳмад
" Худоё! қабри маро чун бутхона магардон, Аллоҳ лаънат кунад қавмеро, ки қабрҳои паёмбаронашонро масҷид гирифтаанд".
Саҳеҳ Ривояти Аҳмад
"Паймоне, ки миёни мо ва онҳост, намоз аст, пас ҳар ки онро тарк кунад, кофир шудааст."
Саҳеҳ Ривояти Тирмизӣ, Насоӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
"Касоне, ки меҳрубон ҳастанд, Аллоҳи Раҳмон ба онон раҳм хоҳад кард. Бар аҳли замин раҳм кунед, Он ки дар осмон аст ба шумо раҳм мекунад."
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ ва Аҳмад
"Ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ савганд ёд кунад, ё кофир шудааст ё ширк варзидааст".
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ ва Аҳмад
"Ҳар кӣ чизе аз илми нуҷум биомӯзад, шохае аз ҷодугарӣ омӯхтааст, ва ҳарчи бештар биомӯзад, сеҳри бештар омӯхтааст".
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
Гуфтам: Эй паёмбари Аллоҳ! Дар мавриди Ислом ба ман сухане бигӯ, ки ҷуз ту аз касе напурсам. Фармуданд: "Бигӯ: Ба Аллоҳ имон овардам, сипас истиқомат биварз (рост бош)".
Саҳеҳ Ривояти Муслим ва Аҳмад