Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

28 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Касоне, ки меҳрубон ҳастанд, Аллоҳи Раҳмон ба онон раҳм хоҳад кард. Бар аҳли замин раҳм кунед, Он ки дар осмон аст ба шумо раҳм мекунад."
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ ва Аҳмад
"Худованд раҳмат кунад мардеро, ки дар хариду фурӯш ва дар бозпасгирии қарзи худ осонгир аст".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: ман маркабамро аз даст додаам, ба ман маркабе бидеҳ! Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Надорам", марде гуфт: эй Расули Аллоҳ ман ӯро назди касе мебарам, ки ӯро маркаб медиҳад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Касе ба амали хайр далолат кунад, подоше ҳаммонанди анҷомдиҳандаи онро хоҳад дошт"
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) на баддаҳон буд ва на дашномгӯ ва ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мегуфт: "Ҳамоно беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки некӯтарин ахлоқро доранд".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳар кадоми шумо то он чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародар (-и мусалмонаш) низ дӯст надорад, ҳанӯз имон наовардааст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Касоне, ки адлро пеша кардаанд бар минбарҳое аз нур дар тарафи дасти рости Худованд қарор доранд ва ҳарду дасти Ӯ Таъоло рост аст, онҳо касоне ҳастанд, ки дар қазоват, дар мавриди аҳли худ ва дар масъулияти худ адолат меварзанд".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ба дурустӣ, он чи мардум аз панди паёмбарони пешин дарёфтаанд, ин аст: "Ҳар гоҳ шарм накардӣ, пас ҳар чи мехоҳӣ бикун»". [Шарму ҳаё дар ҳамаи шариатҳои осмонӣ писандида ва мавриди ситоиш будааст. Яъне, агар шарму ҳаё надошта бошӣ, ки туро аз чизҳои ҳаром боздорад, пас ҳар чи хоҳӣ бикун, вале барои худ бадбахтӣ меорӣ].
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
"Осонгир бошед на сахтгир, муждадиҳанда бошед на мутанаффиркунанда".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи