Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

35 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

" Марг ба шакли қучқори сиёҳ-сафед оварда мешавад ва садо карда мешавад: эй биҳиштиён! Биҳиштиён сарҳои худро баланд карда гӯш фаро медиҳанд ва нидокунанда мегӯяд: оё инро мешиносед? Биҳиштиён, ки ҳама онро дидаанд ва мешиносанд мегӯянд бале ин марг аст. Сипас ба тарафи дузахиён садо карда мешавад ва дузахиён сарҳои худро баланд карда ба сӯи нидокунанда нигоҳ мекунанд ва ба онҳо гуфта мешавад: оё инро мешиносед? Дузахиён низ, ки онро дидаанд ва мешиносанд, мегӯянд: оре, ин марг аст. Сипас он кушта мешавад ва ба биҳиштиён гуфта мешавад, ки инҷо барои шумо ҷовидонӣ аст ва дигар марг барои шумо нест. Ҳамин гуна ба аҳли дӯзах гуфта мешавад, ки инҷо ҷовидонӣ аст ва дигар марг вуҷӯд надорад. Сипас Паёмбари Худо ин ду оятро хонд: (Битарсон (эй Паёмбар) одамонро аз рӯзи пушаймонӣ­­, ки чун кор ба поён расад. (аҳли дунё дар ғафлатанд) ва имрӯз онон дар дунё дар ғафлатанд ва онҳо аз ин сабаб имон намеоранд. (Марям: 39)"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳар гоҳ касе аз шумо вориди масҷид шуд, чунин бигӯяд: Бор илоҳо, дарҳои раҳмати худро барои ман боз кун. Ва чун аз масҷид хориҷ шавад, бигӯяд: Бор илоҳо, аз фазли Ту хоҳонам."
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Аз ҳафт (гуноҳи) ҳалоккунанда дурӣ ҷӯед" Гуфтанд: эй Расули Худо онҳо кадомҳоянд? Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ширк овардан ба Худованд, ҷодугарӣ, куштани ҷоне, ки Худованд ҳаром гардонидааст, магар ба ҳақ, хӯрдани рибо (судхӯрӣ), хурдани моли ятим, гурез дар рӯзи набард ва туҳмат задан ба занони покдомани мӯъмини ноогоҳ".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Покизагӣ нисфи имон аст. (Савоби лафзи) "алҳамдулиллоҳ" мизон(-и некӣ)-ро пур мекунад. (Савоби лафзи) "субҳоналлоҳ ва алҳамдулиллоҳ" он чи байни замину осмонҳост, пур мекунад. Намоз рӯшноӣ аст. Садақа бурҳон(-и имондорӣ) аст. Сабру шикебоӣ равшанӣ(-и имон) аст. Қуръон барои ту ё бар зидди ту ҳуҷҷат аст. Мардумон бомдодон саъйу талош мекунанд, пас касе (бо анҷом додани корҳои нек) ҷонашро (ба Худо) фурӯхта, пас (худро аз азоб) раҳо мекунад ва каси дигаре (бо анҷом додани корҳои зишт) ҷонашро (ба шайтон ва ҳавову ҳаваси худ) фурӯхта, пас (худро) ба ҳалокат мувоҷеҳ месозад"
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки чизеро ба Ӯ шарик наёварда бошад, ба биҳишт ворид мешавад, ва ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки ба Ӯ ширк оварда бошад, ба дӯзах ворид мешавад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Маҳбубтарин сухан назди Аллоҳ чаҳор аст: "Субҳоналлоҳ" (Пок аст Аллоҳ), "Алҳамдулиллоҳ" (Ситоиш барои Аллоҳ аст), "Ло илоҳа иллаллоҳ" (Нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ) ва "Аллоҳу акбар" (Аллоҳ бузург аст), боке надорад бо кадоме аз онҳо оғоз кунӣ".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар бораи некӣ ва гуноҳ пурсидам, фармуданд: "Некӣ, ахлоқи нек аст, ва гуноҳ он чизест, ки дар дилат нооромӣ эҷод кунад ва нахоҳӣ ки мардум аз он огоҳ шаванд".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Лаҳзаи наздиктарини банда ба Парвардигораш дар ҳоли саҷда будан аст, пас дар ин лаҳза бисёр дуо кунед".
Саҳеҳ Ривояти Муслим