Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

25 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) на баддаҳон буд ва на дашномгӯ ва ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мегуфт: "Ҳамоно беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки некӯтарин ахлоқро доранд".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Аз ҳафт (гуноҳи) ҳалоккунанда дурӣ ҷӯед" Гуфтанд: эй Расули Худо онҳо кадомҳоянд? Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ширк овардан ба Худованд, ҷодугарӣ, куштани ҷоне, ки Худованд ҳаром гардонидааст, магар ба ҳақ, хӯрдани рибо (судхӯрӣ), хурдани моли ятим, гурез дар рӯзи набард ва туҳмат задан ба занони покдомани мӯъмини ноогоҳ".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳар кадоми шумо то он чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародар (-и мусалмонаш) низ дӯст надорад, ҳанӯз имон наовардааст".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Касоне, ки адлро пеша кардаанд бар минбарҳое аз нур дар тарафи дасти рости Худованд қарор доранд ва ҳарду дасти Ӯ Таъоло рост аст, онҳо касоне ҳастанд, ки дар қазоват, дар мавриди аҳли худ ва дар масъулияти худ адолат меварзанд".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Осонгир бошед на сахтгир, муждадиҳанда бошед на мутанаффиркунанда".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
«Ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд сухани нек гӯяд ё хомӯш бимонад; ва ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд ҳамсояаашро гиромӣ дорад, ва ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд меҳмонашро икром намояд».
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар бораи некӣ ва гуноҳ пурсидам, фармуданд: "Некӣ, ахлоқи нек аст, ва гуноҳ он чизест, ки дар дилат нооромӣ эҷод кунад ва нахоҳӣ ки мардум аз он огоҳ шаванд".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Суханчин вориди биҳишт намешавад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи